ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Соли 2014 теъдоди кӯдакистонҳои кишвар 19-то афзуда, ба 527 адад расид, соли 2013 ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ 508 ададро ташкил медод, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар".
"Тайи соли гузашта дар вилояти Хатлон 8 кӯдакистон, вилояти Суғд —9, шаҳри Душанбе- 1 ва дар ноҳияи Ҳисор 1 кӯдакистон бунёд шуд"- иброз дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти матбуотӣ.
Ба қавли ӯ, шумораи кӯдакони муассисаҳои томактабӣ 80 ҳазору 442 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта баробари 4 ҳазору 72 нафар зиёд аст.
«Баъди роҳандозии қарори ҳукумат «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2012 — 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» теъдоди муҳассилини марказҳои рушду камолоти кӯдак хеле афзуда, ба 1 ҳазору 60 нафар расид. Соли 2013 теъдоди кӯдакони муассисаҳои зикршуда 710 нафарро ташкил дода буд», — афзуд вазир.
Вазири маориф ва илм гуфт, дар бахши таълими томактабӣ бархе санадҳои меъморию ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳои томактабӣ шуданд.
Феълан, дар ҷумҳурӣ 34 кӯдакистони хусусӣ фаъолият дорад. Теъдоди умумии кӯдакистонҳои хусусӣ нисбат ба соли гузашта 11 адад афзудааст, ки дар онҳо 2 ҳазору 430 кӯдак тарбия меёбанд.
"Дар ҳамаи муассисаҳои томактабии хусусӣ 10 ҳазору 960 нафар тарбия мешаванд", — гуфт вазир.