ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Яке аз раҳбарони созмони террористии "Давлати исломӣ" Тариқ ал-Харзи дар Сурия дар пайи зарбаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ 16 июн кушта шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи Пентагон капитани нерӯҳои ҳавоӣ Ҷефф Дэвис.
Тариқ бин Тахар ал-Авни ал-Харзи дар пайи зарбаи ҳавоӣ ҳанӯз 16 июн дар шаҳри Шаддади Сурия кушта шудааст. Рӯзе қабл дар Ироқ бародараш Алӣ низ кушта шуда буд.
Ал-Харзи ба таблиғот ва интиқоли ҷиҳодиён ба Сурия ва Ироқ машғул буд. Зикр мешавад, ки вай яке аз бонуфузтарин ва раҳбарони саршиноси "ДИ" буд, ки маҳви ӯ ба зарфияти ҷалби ҷнгҷӯён ба суфуфи ин созмон латма ворид месозад.
© Инфографика"Давлати исломӣ"
"Давлати исломӣ"
© Инфографика