Интерпол фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистонро мавриди пайгард қарор дод

© SputnikЛаҳзаи навои видеоӣ, ки дар он Ҳалимов аз пайвастани худ ба ДИ хабар медиҳад
Лаҳзаи навои видеоӣ, ки дар он Ҳалимов аз пайвастани худ ба ДИ хабар медиҳад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бародари Гулмурод Ҳалимов, ки ба суфуфи “ДИ” пайваст дар расонаҳо муроҷиъатномаеро мунташир карда дар он аз бародараш хост, ки ба ватан баргардаду дар назди қонун ҷавоб бидиҳад.

ДУШАНБЕ,1июн — Sputnik. Созмони ҷаҳонии пулиси ҷиноӣ (ИНТЕРПОЛ) дар сомонаи худ фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор додааст.

"Гулмурод Ҳалимов аз сӯйи ниҳодҳои додгоҳии Тоҷикистон барои ҷалб кардан ба ҷазо ҷустуҷӯ мешавад", — зикр шудааст дар сомонаи INTERPOL.

Дар ин огоҳинома Ҳалимов ҳамчун узви созмони террористӣ унвон шудааст.

© Скриншот с сайта www.interpol.intСообщение о розыске Гулмурода Халимова на официальном сайте Интерпола
Сообщение о розыске Гулмурода Халимова на официальном сайте Интерпола - Sputnik Тоҷикистон
Сообщение о розыске Гулмурода Халимова на официальном сайте Интерпола

 

Бори нахуст дар бораи фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон дар авохири моҳи апрел матолиб мунташир шуд, ки он замон расонаҳо дар бораи нопадид шуданаш итттилоъ пайдо карданд. Вай ба маҳалли кор кор намеомад ва маҳалли будубоши ӯро касе намедонист.

Аммо 27 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиъати видеоии Гулмурод Ҳалимов мунташир шуда ва ӯ пайвастанаш ба ДИ таъйид кард.

Дар ҳамин ҳол дар сомонаи хабаргузории Тоjnews муроҷиъатномаи бародари бузурги фармондеҳи ОМОН Саидмурод Ҳалимов мунташир шуд, ки дар он аз бародараш даъват шудааст ба ватан баргардаду назди қонун ҷавоб бигӯяд.

Саидмурод Ҳалимов аз соли 1995 дар симматҳои мухталиф дар Раёсати иҷрои ҷазоҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Дар номаи худ, ки онро хабаргузории "Тоjnews" мунташир кардааст, вай зикр мекунад, ки на вай ва на хонаводааш аз ҳадафи Гулмуродов барои сафар ба Сурия огаҳ набуданд ва онҳо дар бораи ба чӣ наҳва ва таҳти таъсири кӣ ба Сурия рафтани вай иттилоъ надоранд.

"Вақте дар шабакаи интернетӣ навори видеоӣ бо Гулмуродро дидам, хеле тааҷҷуб кардам ва намедонам ин хабарро чӣ гуна ба падари пирам бирасонам. Тамоми хонаводаи мо дар назди пайвандон ва ҷомеъа дар ҳолати ногувор қарор дорем", — омадааст дар нома.

Бо тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони "Давлати исломӣ" ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда фаъолияти он дар қаламрави кишвар мамнуъ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0