БАБР ҳамшарики гипермаркети эҳдосшавандаи “Ашан” дар Душанбе шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСохтмони гипермаркети "Ашан" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони гипермаркети Ашан дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ҳамшарики гипермаркети исми саршинос дар Тоҷикистон шуд ва чунин муъассиса нахустин дар ҷумҳурӣ хоҳад буд. Интизор меравад, ки баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани ин мағоза вай рақиби бозорҳои ғизоии пойтахт мешавад.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд 34% саҳҳоми ширкати "Шивер Тоҷикистон", молики гипермаркети "Ашан" дар Тоҷикистонро харидорӣ кард, менависад сомонаи БАБР.

Ширкати "Шивер Тоҷикистон" то ин дам қарордоди имзошуда бо БАБР барои сармоягузории сохтмони нахустини гипермаркети "Ашан" дар Осиёи Марказиро дошт.

"БАБР тавассути харидории саҳҳоми ширкат раванди пуштибонӣ аз тарҳи сохтмони гипермаркет дар Тоҷикистонро идома медиҳад. Тавофуқоти саҳҳомӣ 30 июн имзо шуд ва ҳамакнун БАБР молики 34% саҳҳоми "Ашан" дар Тоҷикистон аст", — омадааст дар хабар.

Хутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БАБР қабл аз ҷудо кардани маблағ ба Тоҷикистон шарт гузошт

Қарордоди эътиборотӣ миёни БАБР ва "Шивер Тоҷикистон" дар бораи ихтисоси 5 миллион евро барои сармоягузории нахустин чунин таъсисот дар кишвар моҳи ноябри соли 2014 имзо шуда буд.

"Шивер Тоҷикистон" — як бахши ширкати фаронсавии гурӯҳи Schiever мебошад, ки шарики "Ашан групп" дар Фаронса ва Лаҳистон мебошаду раҳбарии силсилаи гипермаркетҳоро бар ӯҳда дорад. Ҳуқуқи истифода аз ин исм танҳо ба ширкати аслӣ дода мешавад.

Сокинони Тоҷикистон маъмулан ғизоро аз мағозаҳои начандон бузург ва ё бозорҳо, ки дар он ҷо қимматҳо гаронтар аст, харидорӣ мекунанд. Гипермаркети ҷадид бо масоҳати 5000 метри мураббаъ на танҳо рақобатро дар коҳиши қимматҳо бо худ хоҳад овард, балкӣ боъиси ворид шудани мизони ҷадиди кайфият, беҳдоштӣ ва ҳамлу нақл хоҳад шуд, муътақиданд дар БАБР.

Эҳдоси "Ашан" дар Душанбе соли дуввум идома дораду ифтитоҳи дар соли ҷорӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0