ИА ироъаи кӯмакҳо барои демократикунонии кишварҳои ОМ-ро идома медиҳад

© Flickr \ Blondinrikard FröbergПарчамҳои ИА. Акс аз бойгонӣ
Парчамҳои ИА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аврупо ба аҳамияти барномаи худ барои тавсеъаи равобити худо бо кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид карда аз хатароти амниятии минтақа аз сӯйи гурӯҳҳои тундрав ҳушдор медиҳад.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Санади тасвибшуда аз сӯи Шӯрои ИА дар робита ба барномаи марбут ба Осиёи Марказӣ рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе муъаррифӣ шуд, омадааст дар баёнияи намояндагӣ.

Бо дарназардошти аҳамияти калидии минтақа Иттиҳодияи Аврупо таъаҳҳуд кардааст, ки бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ равобити қавӣ, мустаҳкаму бонизом дошта бошад.

"Бо гузашти ҳашт сол баъд аз тасвиби Барномаи ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ рушди чашмрас дар равобити ИА бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мушоҳида мешавад", — зикр шудааст дар баёния.

Зикр мешавад, ки аҳдофи аслӣ ва самтҳои умдаи Барномаи ИА дар мавриди Осиёи Марказии соли 2007 то ҳол аҳамияти худро ҳифз кардаанд.

Парчами Иттиҳодияи Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ИА ва ОМ таҳдидҳо ва хатароти муосирро муҳокима карданд

"Зимни иҷрои барномаи ҷадид ИА таҷрибаи ҳосилшуда ва тағйирот дар минтақа ва ҳамчунин вазъи тағйирёбандаи фаромиллӣ дар атрофи минтақаро ба инобат хоҳад гирифт. Шӯро ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва энержӣ миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буда алоқаманди ташдиди ҳамкориҳо дар заминаи амниятӣ ва суббот бо шумули мудирияти мунназами захойири табиъйӣ мебошад", — омадааст дар баёния.

Ҳамзамон Шӯрои ИА ба аҳамияти калидии демократиякунонӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуну рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ки бахшҳои умдаи ин барнома мебошанд, таъкид кардааст.

Дар баёния зикр мешавад, ки минтақаи ОМ бо хатароти афзоянда дар арсаи амниятӣ, ки ба ҷангҷӯёни хориҷӣ ва тундгароӣ, ки ба афротгароии иҷборӣ мунҷар мешавад, рӯбарӯ аст.

"Ин амр хатароти қаблии субботро ташдид мекунад, ки ба музокироти масоили захойири об, масоили марзӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷароими созмонёфта ва даргириҳо дар куллияи минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон марбут аст", — тавзеъ шудааст дар баёния.

Ба ҷуз аз ин, мушкили муҳими минтақа ба истифодаи судманди захойири табиъйӣ, бавижа об, марбут аст. Иттиҳодияи Аврупо ба зарурати раҳбурди чаҳорчӯбаи музокироти минтақавӣ ва боло бурдани мизони таъаҳҳуд ба муқаррароти байналмиллалӣ ва қавонине, ки истифода аз захойири минтақавиро танзим мекунад, таъкид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0