ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бозсозии ҷоддаи Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон то авохири моҳи август ба далели истифода аз навъи ҷадиди мум ва умури дигари изофӣ, ки қаблан дар ин тарҳ онҳо дар назар набуданд, ба таъвиқ афтодааст, менависад хабаргузории "Авеста".
"Умури аслӣ алаккай анҷом шудаанд, вале зарурат пеш омад, ки иҷрои тарҳ тамдид карда шавад, зеро ба он шароити изофӣ ворид карда шуданд", — зикр кард раҳбари Маркази татбиқи лоиҳаҳо Исмонқул Шоқулов.
Ба ҷуз аз навъи ҷадид мум, ки бо он ҳудуди се километри ин ҷодда мумфарш карда мешавад, ба тарҳ сарзабз кардани канори ҷодда ва эҳдоси ҳашт адад истгоҳ ворид карда шудаанд.
Ба гуфтаи вай, наҳваи ҷадид аз истифодаи омезиши бетониву мумӣ бо сангрезаҳову ширеш иборат аст. Ин мавод имкон медиҳад, ки фишор аз қабатҳои болоӣ ба поинӣ тавассути сангрезаҳо мунтақил мешавад. Ин мавод дар Тоҷикистон барои бори нахуст истифода мешавад ва дар гузашта зимни истифода аз омезиши бетониву мумӣ чунин кайфият имконпазир набуд.
Интизор меравад ки комиссияи давлатӣ ин ҷоддаро дар авохири моҳи август мавриди истифода қарор медиҳад. Замонати истифодаи ин тарҳ ду сол муқаррар шудааст.
Иҷрокунандаи аслии тарҳ қавл медиҳад, ки куллияи камбудиҳои ошкоршуда дар тӯли мӯҳлати замонатро аз ҳисоби худ рафъ месозад.
Қаблан гузориш шуда буд, ки барои бозсозии ин ҷодда Бонки осиёии рушд 120 миллион доллари ИМА ихтисос дода саҳми Тоҷикистон 11,2 миллион мебошад.