ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз ҷараёни татбиқи лоиҳаи тармиму навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, ҳамсарҳад бо Ӯзбакистон боздид карда, корҳои иҷрошударо бесифат хондааст, менависад оҷонсии "Озодагон".
Дар рафти боздиди Расулзода қайд гардида, ки корҳои то ҳол иҷрошуда ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест ва ба ислоҳот ниёз доранд.
Раҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардидаанд, ки тамоми камбудҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд. Ин дастур ва норозогии сарвазири Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар ҳолест, ки қисмати зиёди корҳои навсозии роҳ ба анҷом расидаанд.
Лоиҳаи тармиму навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода 57 км роҳи мошингардро дар бар гирифта, он бо сармояи ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд амалӣ мешавад.