Панҷоҳ масҷиди “ғайрирасмӣ” ба маркази фарҳангӣ табдил мешавад

© Sputnik / Руслан КривобокМасҷид
Масҷид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 50 масҷидро ба далели надоштани иҷозаи фаъолият ба маркази фарҳангӣ ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ табдил додаанд.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҷануби Тоҷикистон, тасмим гирифтаанд, масҷидҳои ғайрирасмии мавҷуд дар ин ноҳияро ба марказҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳунарӣ табдил диҳанд, менависад "Радиои Озодӣ".

"50 масҷидеро, ки фаъолияти ғайриқонунӣ доштанд, ба марказиҳои фарҳангиву варзишӣ ва ҳунарӣ табдил додем, то ҷавонону сокинон тавонанд аз ин макон ба нафъи худ истифода баранд", — гуфтааст Фахриддин Ғафуров, муовини раиси ноҳияи А. Ҷомӣ.

Ба қавли ин масъул, ин масҷидҳое будаанд, ки солҳои пеш бидуни иҷозаи Кумитаи замин сохта шуда ва инчунин иҷозати Кумитаи динро барои намозгузорӣ надоштаанд.

"Дар ҳама ҷамоату деҳот бо мардум вохӯрӣ мешавад, ки танҳо он масҷидҳое, ки ғайрирасмӣ буданду заминҳои хирман буд ва онҷо чаҳор ё панҷ нафар намозгузор дошт, сохти фаъолияташонро дигар кунад. Масҷидҳои майда дар деҳот ҳастанд, ки сертификат ва иҷозати кумитаи динро надоранд", — илова кардааст Ғафуров.

Масъулини ҳукумати ин ноҳия гуфтаанд, масҷидҳо баъд аз машварат бо сокинону намозгузорон ва бо дастури ҳукумат баста шудаанд. Ҳарчанд афроде ҳастанд, ки бастани ин масҷидҳо онҳоро нигарон кардааст. Бо он ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашт ҷамоати деҳот дорад, аммо танҳо дар ҷамоати деҳоти "Калинин" панҷ масҷид ба хотири фаъолияти ғайрирасмӣ баста шудааст, ки дар маҷмуъ ҳудуди 700 намозгузор доштаанд.

Раҳматулло Маҳмадуллоев, раиси ҷамоати "Калинин" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз баста шудани масҷидҳо аксари мардум розӣ набудаанд, вале чун ин масҷидҳо ғайрирасмӣ фаъолият мекарданд, ба ин далел баста шудаанд.

"Маҷлис гузаронда самтҳои фаъолияти онҳоро дигар кардем. Масалан, баъзеяшро маркази фарҳангию фароғатӣ ва баъзеяшро утоқи кории раиси шӯрои маҳаллаҳо ва ҷойҳои баргузории ҷашну маъракаҳо кардем. Ба зӯр одамҳоро розӣ кардем, чун кори осон набуд, хафа мешуданд", — гуфтааст Маҳмадуллоев.

Тибқи иттилои Идораи замини вилояти Хатлон, дар зарфи се соли охир ҳудуди 100 масҷид ба далели фаъолияти ғайрирасмӣ дар Хатлон баста шудааст. Феълан 1690 масҷиди панҷвақта дар вилояти Хатлон фаъолият мекунад ва 55 масҷиди дигар, ки ғайрирасмӣ будаанд, дар марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳо қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0