Теъдоди “мамнӯъ-ул-вурудон” ба Русия бештар шуд

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирони интизори истирдод. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони интизори истирдод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия зикр кард, ки 10 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан истирдод шудаанд, зеро қаблан яке аз қавонини ин кишварро нақз кардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Атбоъи Тоҷикистон, ки ба манзури убур аз марз ва дарёфти муҷҷавизи муҳоҷиратӣ ба Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ сафар кардаанд, ба Тоҷикистон истирдод шудаанд, хабар додааст "Авеста".

Ба ватан 10 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ сафар карда натавонистаанд ба Русия бозгарданд, истирдод шудаанд, хабар додааст намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод.

Аробакаш дар бозор мунтазири муштарӣ аст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ: муҳоҷирони бармегашта фишор ба бозори корро ташдид мекунанд

"Баъд аз он, ки ин афрод аз марзи Русия убур кардаанд, ниҳоди муҳоҷиратӣ барои ин шахсон мӯҳри мамнуъ-ул-вуруд гузоштаанд, зеро онҳо қаблан кадоме аз қаовнини ин кишварро нақз кардаанд", — зикр кард вай.

Шаҳрвандони Тоҷикистон водор мешаванд, ки ба консулгарии Тоҷикистон дар Русия муроҷиъат кунанд ва ин ниҳод бо дархости кӯмак барои бозгашт ба Русия ба вазорати хориҷиа ин кишвар муроҷиъа кардааст.

Атбоъи тоҷик, ки ҳамакнун барояшон вуруд ба Русия ба мӯҳлати 5 сол мамъ шудааст, тавассути хатсайри Сочӣ-Хуҷанд ба ватан истирдод шудаанд.

Тибқи иттилоъи ИФМ Русия дар аволи соли 2015 теъдоди атбоъи тоҷик, ки барояшон вуруд ба қаламрави Русия мамӯъ шудааст, ҳудуди 200 ҳазор нафар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0