БҶ: муҳоҷирони бармегашта фишор ба бозори корро ташдид мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевАробакаш дар бозор мунтазири муштарӣ аст. Акс аз бойгонӣ
Аробакаш дар бозор мунтазири муштарӣ аст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутобиқшавии муҳоҷирони кории бармегашта аз Русия ба далели камбуди ҷойи кор зери суол аст ва вазъро бахши хусусӣ метавонад наҷот бидиҳад, ки он ба имтиёзоти молӣ ниёз дорад, изҳор доранд пажӯҳишгарони БҶ.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватан ва ҷустуҷӯйи ҷойи кор дар Тоҷикистон фишор ба бозори кори кишварро ташдид мекунад, омадааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

"Ҳарчанд омори расмӣ ҳокист, ки мизони бекорӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи пойин аст (2,5%) ин омори воқеъи нест ва фишор ба бозори кор ташдид меёбад", — гуфта шудааст дар гузориш.

Як нуқтаи муҳим ин аст, ки дар Тоҷикистон фаъолияти камарзиш бахши кишоварзӣ мебошад, ки дар он бештаре аз аҳолии кишвар машғуланд. Маоши муттавасит дар ин бахш ҳудуди 200 сомонӣ аст ва маоши баландтарин дар бахши молиёт ва сохтмон сабт шудааст.

Аробакаш дар яке аз бозорҳои пойтахт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсӣ: муҳоҷирон бо дастмузди кам дар ватан кор кардан намехоҳанд

"Мутобиқшавии муҳоҷирони кории баргашта аз Русия бо дарназардошти камбуди ҷойи кор, адами тахассуси зарурӣ ва рақобати ҷавонони воридмешуда ба бозори кор бо душвориҳо рӯбарӯ мешавад", — ишора мекунанд муаллифони гузориш.

Хадамоти бахши шуғли аҳолӣ ва навҳаи ҷустуҷӯйи ҷойи кор тавсеъа наёфтаанд ва ин амр пайдо кардани ҷойи кор барои муҳоҷирони кориро душвор месозад. Фишори афзоянда дар бозори кор ба мизони фақр дар Тоҷикистон таъсири мустақим дорад ва ба далели бӯҳрони иқтисодӣ ба кундӣ рушд мекунад.

Тибқи пешбиниҳои Бонки ҷаҳонӣ, чунин вазъ то авохири соли 2016 идома меёбад ва чунин фишорро метавон тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши хусусӣ андаке содда кард. Барои фаъолияти судовари бахши хусусӣ таъсиси шароит дар сатҳи қонунгузорӣ, бавижа дар бахши молиёт ё андоз зарур аст.

Ба иттилоъи БҶ беш аз 1 миллион нафар атбоъи Тоҷикистон, ки 50% онҳо шаҳрвандони қобили кор ва аз синни 20 то 39 сола мебошанд, дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Ҳудуди 60% онҳо дар Русия ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Бӯҳрони иқтисодӣ мунҷар шуд, ки маоши онҳо то ду барорбар коҳиш ёфта, бештаре аз онҳо аз ҷойҳои кори худ маҳрум мешаванд ва водор шудаанд, ки барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор ба ватан баргарданд.

Лентаи хабарҳо
0