Русия севвумин узви бузурги БОСЗ шуд

© Фото : Wikimedia / Гузариш ба медиабонкПекин. Акс аз бойгонӣ
Пекин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия севвумин узви бузурги Бонки осиёии сармоягузории зербаноӣ шуд ва ин ниҳод ба эътиқоди таҳлилгарон рақиби разандаи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллалии пул хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Санади таъсиси Бонки осиёии сармоягузории зербаноӣ (БОСЗ) 29 июн дар Пекин аз сӯйи намояндагони 57 кишвари узви ин бонк имзо шуда буд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Бузургтарин узви БОСЗ Чин бо 30,34% саҳмияҳо, Ҳинд (8,52%) ва Русия (7,5%) мебошанд. Хабар дода шудааст, ки интихоби раиси нахустини ин ниҳоди молӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

"Бонк бар пояи беҳтарин намунаҳои таҷрибаи байналмиллалӣ бунёд ёфта аз таҷрибаи бонкҳои бисёрҷонибаи рушд сабақ мегирад ва ҳамзамон бар таҷрибаи бахши хусусӣ поя мегирад", — омадааст дар хабар.

Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба узвияти БОСЗ пазируфта шуд

Ҳазинаи ин бонк, ки соли 2014 таъсис шуда сармоягузории тарҳҳои зербаноӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси оромро ҳадаф дорад, $100 миллиард мебошад. Дафтари марказии ин созмон дар Пекин мустақар мешавад.

Тоҷикистон моҳи январи соли 2015 ба узвияти БОСЗ пазируфта шуд. Қазоқистон, Бангладеш, Бруней, Камбоҷа, Чин, Ҳинд, Индонезия, Ӯрдун, Қувайт, Лаос, Люксембург, Малайзия, Малдив, Муғулистон, Мянма, Непал, Зеландияи Нав, Уммон, Покистон, Филиппин, Қатар, Арабистони Саъудӣ, Сингапур, Швейтсария, Бритониё, Ӯзбекистон, Ветнам, Шри-Ланка, Қирғизистон ва Русия аъзои ин бонк мебошанд.

Ба унвони узви ғайриминтақавии БОСЗ Фаронса, Италия, Австрия, Австралия, Ҷумҳурии Корея, Голландия, Бразилия, Гурҷистон, Дания, Миср, Шветсия, Финляндия, Норвегия ва Исландия пазируфта шудаанд.

Дар миёни иқтисоддонҳо ин назар роиҷ аст, ки БОСЗ рақиби арзандаи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмиллалии пул хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0