Тоҷикистон ба узвияти БОСЗ пазируфта шуд

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкПул. Акс аз бойгонӣ
Пул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зербаноӣ, ки ба ибтикори Чин барои иҷрои тарҳҳо дар минтақаи осиёву уқёнуси Ором таъсис шудааст, Тоҷикистонро ба узвияти худ пазируфт, ки севвумин кишвар аз Осиёи Марказӣ дар ин бонк аст.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ узви Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зербаноӣ (БОСЗ) шуданд, хабар медиҳад Авеста.

Номзадии Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ 15-уми январ дар Мумбаи (Ҳинд) аз сӯйи бунёдгузорони ин бонк пазируфта шуданд ва ба ин тартиб миқдори аъзои ин бонк то 26 адад афзоиш ёфт. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин нишаст муъовини вазири молияи Тоҷикистон Аламхон Наимӣ раҳбарӣ кардааст.

"Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зербаноӣ, ки фаъъолияташ дар моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфт, дар ҳоли таъсис аст, вале аллакай аз сӯйи Амрико ҳамчун рақиби Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд, ки умдатан аз тарафи Амрико ва Ҷопон пуштибонӣ мешаванд, дониста мешавад. БОСЗ қасд дорад талошҳои стратегии Амрико дар минтақаро пахш кунад", — таъкид мешуд дар ахбори расонаҳо дар моҳи октябри соли 2014 дар пайи таъсиси ин бонк.

Гуфта мешуд, ки бунёдгузории аслии ин бонк Чин аст, ки 50% саҳмияҳоро дар ихтиёр дорад. Ба ғайр аз ин Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ низ дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба сармоягузорӣ алоқаманд ҳастанд, вале ин ду кишвар то ҳол узви БОСЗ нашудаанд.

Қарори таъсиси БОСЗ бо маблағи $50 миллиард 24-уми моҳи октябри соли 2014 дар Пекин имзо шуда буд. Ба ҳайъати ин бонк Чин, Ҳинд, Таиланд, Малайзия, Филлипин, Покистон, Бангладеш, Бруней, Камбодҷа, Қазоқистон, Қувайт, Лаос, Мянма, Муғулистон, Непал, Оммон, Қатар, Шри-Ланка, Ӯзбекистон ва Ветнам шомил ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0