ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ҳавопаймое ки дар хатти Новосибирск — Душанбе парвоз мекард, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Барнаул, субҳи рӯзи 29 июн маркази кишвари Олтойи Русия ба замин нишаст, менависад сомонаи фурудгоҳи мазкур.
"Ба хадамоти танзимгарони фурудгоҳ иттилоъ расид, ки ҳавопаймои "Аэробус-320"-и ширкати ҳавопаймоии "Сибирь" бо як мусофири мариз аз фурудгоҳи Барнуал нишасти изтирорӣ мепурсад",-омадааст дар хабари манбаъ.
Ба қавли дафтари матбуотии фурудгоҳ, ин ҳавопаймо соати 11:14 дар Барнаул нишаст ва як зани 30-сола аз ҷумлаи мусофирони онро, ки баъди аз фурудгоҳи Толмачёвои Новосибирск б парвоз хестани ҳавопаймо бемории эпилепсияаш хуруҷ кардааст, ба бемористони шаҳр интиқол додаанд.
Ҳавопаймои ширкати "Сибир" бо мусофирони дигараш пас аз нишасти изтирорӣ аз фурудгоҳи Барнаул ба қасди Душанбе парвоз кардааст.