Озодӣ: ИМА мегӯяд, Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм “суст” шудааст

© Sputnik / РатушенкоТамринҳои низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тамринҳои низомӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Кохи сафед мӯътақиданд, ки мубориза алайҳи терроризм дар Тоҷикистон бинобар чанд сабаб суст шудааст, иддаое, ки онро сохторҳои қудратии кишвар қабул надоранд.

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Департаменти давлатии ИМА ба ин назар аст, ки норасоии пул, тамрини нокофии нерӯҳои амниятӣ ва марзбонон тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар ифшову боздошти террористонро суст кардааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, таваҷҷӯҳи аслии ҳукумати Тоҷикистон дар муқобила бо терроризм дар соли 2014 аз байн бурдани гурӯҳҳои хурди тундрав ва ифротгароии исломӣ будааст.

"Мақомоти Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2014 алайҳи 12 нафар бо иттиҳоми терроризм парванда боз карда, 181 нафарро барои ҳимоят аз терроризм ва ё паҳн кардани он ба ҷавобгарӣ кашиданд ва дар робита ба тарғиби ифротгароӣ дар маҷмӯъ 154 парванда боз карданд",- омадааст дар гузориши солонаи департаменти давлатӣ.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, ҳарчанд давлати Тоҷикистон соли 2014 барои рафъи заъфи стратегияи зиддитерористиаш талошҳоро идома дод, аммо норасоии пул, фасодкорӣ, тамрини нокофии нерӯҳои амниятӣ ва марзбонон тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар ифшову боздошти террористонро суст кардааст.

"Аз сӯи дигар, ҳамкории байниҳамдигарӣ ва табодули иттилоъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон суст аст",- менависад Радиои Озодӣ дар такя ба гузориши солонаи ВКХ ИМА.

Аммо дар Вазорати дифоъи кишвар ин иддаои департаменти давлатиро рад карда гуфтаанд, Тоҷикистон солҳои охир тамринҳои зидди гуруҳҳои ифротӣ ва терроризмро коҳиш надода, балки тақвият намудааст. Дар ин ниҳод таъкид карданд, ки ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар шароити кӯҳистон омодагӣ мебинанд, ки сарбозони кишварҳои дигар тақрибан аз он бебаҳраанд".

"Дар масъалаи мубориза бо терроризм мо заъф надорем. Ҳатто ба қарибӣ як маркази нави таълимӣ дар Ромит ба истифода дода шуд, ки дорои таҷҳизоти навтарин аст ва ҷангро дар шароити кӯҳистон ба сарбозони мо меомӯзонад",- афзудааст сухангӯи ВМ Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев.

 Ба назари Вазорати умури хориҷии Амрико, аз байн бурдани тундгароии хушунатбор ва экстремизмро ҳукумат ба муҳимтарин вазифаи афзалиятнок табдил додааст.

Лентаи хабарҳо
0