ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Инструкторони низомии рус дар пойгоҳи ҳарбии 201-и ФР барои Вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ҳазор мутахассиси хурд омода месозанд, менависад сомонаи округи ҳарбии марказии ВМ-и Русия.
"Ҳамзамон, дар се тамрингоҳи низомӣ- Сумбула, Лоҳур ва Мумирак тайи се моҳ афсарони рус барои Вазорати дифоъи Тоҷикистон мутахассиони хурд аз қабили нишонгир-танзимгари танкҳои Т-72, танзимгари системаи мушакии "Град", ронанда ва танзимгарони нақлиётҳои хушкигарди БМП-2, БТР-80, сапёр ва разведчикҳоро тайёр мекунанд",- омадааст дар иттилоъия.
"То охири сол мутахассисон барои артиши тоҷик омода хоҳанд шуд".
Хизматчиёни низомие, ки имтиҳонҳои хатмро бомуваффақият месупоранд, соҳиби мадраки мутахассиси хурди Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегарданд ва дар тамринотҳои муштарак ширкат хоҳанд кард.