Афсарони пойгоҳи 201 барои Тоҷикистон танкистҳоро омӯзиш медиҳанд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкЗиреҳпӯш. Акс аз бойгонӣ
Зиреҳпӯш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарбозони вазорати дифоъи Тоҷикистон омӯзиши назариявиро анҷом дода ба омӯзиши наҳваҳои идораи васоили ҷангӣ дар се размоишгоҳҳои кишвар оғоз кардаанд.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Афсарони пойгоҳи низомии 201 Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, ба омода кардани мутахассисони сатщи поён (афсарони хур) барои вазорати дифоъи кишвар оғоз карданд, хабар медиҳад сойти минтақаи марказии низомии вазорати дифоъи Русия.

"Рӯзи панҷшанбе гурӯҳҳои нахустин омӯзишҳои назариявиро анҷом дода, рӯзи ҷумъа ҳамзамон дар се размоишгоҳ — Лоҳур, Самбулӣ ва Мумирак — ронандагони оянда ва нишонгирҳои танкҳо, зиреҳпӯшҳо наҳваҳои ронандагии васоили ҷангиро меомӯзанд", — омадааст дар хабар.

Низомиёни тоҷик таҳти назорати мушовирони рус наҳваҳои ронандагӣ, ҳаракати васоили ҷангӣ дар баландиҳо ва хамгаштҳои амиқ бо мавноеъи мухталифи зиёд омӯзиш мегиранд, зикр мешавад дар хабар.

Дар омӯзишҳои тирпарронӣ низомиён амалиёти мухталиф, аз ҷумла тирпаррониро тавассути танкҳои Т-72 анҷом медиҳанд.

"Тирпарронӣ дар ҳолати ҳаракат ба сӯйи нишонҳои ҳаракаткунанда ва пайдошаванда аз масофаи 1000 то 1200 метр сурат мегиранд", — хабар медиҳад сойти ин воҳиди низомӣ.

Омӯзишҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона анҷом мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0