Нишасти “шашгона” ва Эрон. Барои анҷоми таҳияи созишнома

© МИД России / Гузариш ба медиабонкМузокироти "шашгона" дар масоили барномаи ҳастаии Эрон
Музокироти шашгона дар масоили барномаи ҳастаии Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алорағми ин нукта, ки то замони ниҳоии тавофуқоти барномаи ҳастаии Эрон панҷ рӯз боқӣ мондааст, ҷониби Эрон баъйид намедонад, ки музокирот баъд аз 30 июн низ идома хоҳанд дошт.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Масъулони сиёсии "шашгона" ба Вена барои ширкат дар давраи ниҳоии таҳияи тавофуқоти комили барномаи ҳастаии Эрон ворид мешаванд. Ҳайъати Русияро дар ин музокирот муъовини раҳбари ВКХ Сергей Рябков раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба "шашгона" Русия, ИМА, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон шомил ҳастанд. Ба гуфтаи Рябков музокирот 30 июн баргузор мешавад. Дар ин маросим вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ширкат хоҳад кард ва вуруди вай ба Вена рӯзи ҷумъа дар назар аст.

Масоили таҳримот, дастрасии нозирони байналмиллалӣ ба таъсисоти бахши ҳастаӣ, назорати содиротӣ — мушкилотест, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Ба иттилоъи Рябков, пешрафт тибқи сиёҳнависи тавофуқоти комил ва замимаҳои он ва матни қатъномаи минбаъдаи Шӯрои амнияти СММ ба хубӣ ҷараён дорад.

То замони ниҳоии имзои тавофуқот ҳамагӣ панҷ рӯз боқӣ мондааст (ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2014 ҷонибҳо мӯҳлати ниҳоии 30 июнро муқаррар карда буданд). Вале ҷониби Эрон бар ин назар аст, ки музокирот баъд аз 30 июн низ идома хоҳад дошт.

Дар масоили таҳримот

Баъд аз анҷоми давраи навбатии музокирот Рябков хабар дод, ки "шашгона" ва Эрон тавонистанд дар заминаи мундариҷаи қатъномаи ояндани Шӯрои амнияти СММ ва мушкилоти таҳримот, аз ҷумла дар заминаи лағви ботадриҷи онҳо ба пешрафтҳое даст ёбанд.

Аз ҷумла, наҳваи қаблии таҳримот алайҳи Эрон мутаввақиф шуда ва сипас бо дарназардошти арзёбии МАГАТЭ аз иқдомоти Теҳрон комилан лағв мешавад, вале суръати лағви таҳримот бояд ба ҷониби Эрон созгор бошад.

Вале наҳваи бозгашти таҳримот дар сурати нақзи тавофуқот аз сӯйи Теҳрон "шашгона" дар ин музокирот шакли муносиби дуҷонибаеро дунбол дорад, ки нигарониҳои ҳам ИМА ва ҳам Русияро дар бар мегирад.

Тавофуқи “шашгона” бо Эрон дар масъалаи барномаи ҳастаӣ

Дар ин бора Рябков дар сӯҳбат бо РИА Новости изҳор дошта буд. Вай аз ҷумла зикр карда буд, ки "нақшаи мушшахасе вуҷуд дорад, ки мавзеъи қатъии мо барои таъмини нақши ША СММ ҳамчун ниҳоде, ки дар ин замина тасмимот мегирад", яъне "ҳеҷ навҳае дигареро бидуни ША мо роҳ намедиҳем".

"Аз сӯйи дигар, ИМА иддаъо доранд, ки дар сурати набудани наҳваҳои дигари ҳалли вазъи эҳтимолии нақзи тавофуқот таҳримот бояд ба шакли комил ва ё ба шакли дигаре аз сар гирифта шаванд. Ба онҳо низ замонате зарур аст, ки дар ниҳоят чунин иқдом сурат бигирад", — изҳор дошт Рябков.

Вале ба гуфтаи вай, "вале наҳваи дигаре низ вуҷуд дорад, ки ин ду талаботро дар бар мегирад". Ҷониби Русия тақозо хоҳад кард, ки ин шакл "ҳифз шавад дар дар матни ояндаи ША СММ зикр карда шавад ва ин санад қабл аз ҳама барои таъйиди ин тавофуқот тасвиб мешавад ва маворидеро дар назар дорад, ки иқдомоти ҷавобӣ дар сурати рух додани мавориди ғайричашмдошт чӣ гуна хоҳанд буд".

Лағви маҳдудият барои воридоти силоҳ

Рябков изҳор дошт, ки Русия ҳамчунон бо "шашгона" дар мавриди лағви фурӯши силоҳ музокироти тунде анҷом медиҳад, зеро ин мавзӯъ ҳам барои Эрон ва ҳам барои Русия дар бархе аз маворид муҳим мебошад.

"Мо то ҳол дар вазъе қарор дорем, ки тунд ҳастанду ҳалли мусолиҳатомези миёни шариконро надорад, вале ин амр моро раҳгум намесозаду барои мо вазъиятеро эҷод намесозад, ки мо ба таҳлука биафтему онро фоҷиабор арзёбӣ кунем. Ин вазъ чашмдошт буд ва мо бар ин назар набудем, ки ҳама ба соддагӣ ба даст меояд. Ҳоло фурсати барои ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад ва мо машғули он мешавем", — гуфт Рябков.

Города мира. Тегеран - Sputnik Тоҷикистон
Эрон мегӯяд, омодааст бо ҳар кишваре визаро лағв кунад

Дастрасӣ ба таъсисоти низомии Эрон

Порлумони Эрон рӯзи сешанбе тарҳи қонунеро тасвиб кард, ки тибқи он дастрасии коршиносони СММ ба таъсисоти низомӣ ва уламои кишвар мамнӯъ шудааст. Тибқи ин санад, бозрасии таҷҳизоти ҳастаии кишваро танҳо Созмони байналмиллалии энержии ҳастаӣ (СБЭҲ) дар чаҳорчӯби қарордод дар бораи замонатҳо бо агентӣ метавонад анҷом бидиҳад.

Москав муътақид аст, ки Эрон бояд қабл аз ҳама бо СБҲЭ дар бораи дастрасӣ ба таъсисоти низомӣ тавофуқ кунад ва дар ин сурат "ҳар гуна нигарониҳои ширкаткунандагони музокирот дар чаҳорчӯби ин қарордоди Эрон бо агентӣ аз байн хоҳанд рафт".

Рябков бар ин назар аст, ки ин мушкил то авохири музокирот боқӣ мемонад, зеро ҳалли сареъи он ғайримумкин аст.

Зеро таърихи умури масоили ҳастаии Эрон фавқуллода душвор буда ва дар атрофи ин мушкил "адами эътимоди зиёде" ҷамъ шуда ва ба ин далел бархе аз кишварҳо иддаъо доранд, ки наҳваи бозрасиҳои Эрон бояд алорағми санади изофии ҳусни тафоҳум "дарозмуддат" бошад, таъкид кард Рябков. "Ин мавзӯъ баҳсталаб аст", — гуфт вай.

Бархе аз ширкаткунандагони ғарбии ин музокирот пофишорӣ доранд, ки бозрасиҳо бояд на танҳо таъсисоти ҳастаиро дар бигиранд, балкӣ таъсисоти низомӣ низ бояд бозрасӣ шаванд.

Раҳбари ВКХ Русия хабар дод, ки Маскав дар ҳалли ин мушкил омода аст кӯмак кунад, вале бар ин назар аст, ки "на ҳама аз таъсисоти низомӣ барои бозрасӣ бояд боз карда шаванд, зеро ин амр ба амнияти кишвар рабт дорад".

ИМА, Исроил ва бархе аз кишварҳои Ғарбӣ Эронро дар таҳияи силоҳи ҳастаӣ зери пардаи истифодаи мулкӣ аз атом муттаҳам мекунанд. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз 1 июли соли 2012 харидории нафти Эронро таҳрим карданд — чунин амали худро онҳо шарҳ дода гуфтанд, ки қасд доранд аз ин роҳ Теҳронро водор созанд, то аз аҳдофи ҳастаӣ даст кашад. Вашингтон низ таҳримоти мушобеҳро рӯйи даст бигирифт.

ИМА ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Эрон ба маблағи беш аз 20 миллион доллар маҳдудияро роҳандозӣ карданд ва кишваре, ки ин муқарраротро нақз мекунад, низ бо таҳримот рӯбарӯ мешавад. Ширкатҳо ва бонкҳое, ки ба тавлидоти силоҳ ва ё ҳастаии Эрон мушорикат мекунанд, низ бо таҳримот фаро гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0