Г. Ҳалимов: ман бародарамро ҳам хоҳам кушт, агар вай аз имонаш гардад

© SputnikМуроҷиъати видеоии Гулмурод Ҳалимов
Муроҷиъати видеоии Гулмурод Ҳалимов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ фармондеҳи ОМОН дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бойгонии наворҳои видеоӣ ҳузур пайдо карда бори дигар далоили пайвастанаш ба суфуфи "ДИ“-ро тавзеъ дод.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Фармондеҳи собиқи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ба суфуфи "Давлати исломӣ" пайвастааст, дар навори видеоии ҷадиди худ дар Youtube изҳор дошт, ки ҳатто сари бародари худро агар вай аз имонаш рӯй гардонад, хоҳад бурид.

Дар навори видеоӣ, ки ҳафтаи ҷорӣ пайдо шуд, полковники фирорӣ иддаъо дорад, ки вай "кофирон ва муртадҳоро қатл хоҳад кард, на мусалмононро".

"Вале агар бародарам муртад шаваду алайҳи мо биҷангад, ба номи Оллоҳ, ман сари ӯро аз танаш ҷудо мекунам. Вале силоҳи ман алайҳи бародаронамон — мусалмонон истифода намешавад", — гуфт вай.

Лаҳзаи навои видеоӣ, ки дар он Ҳалимов аз пайвастани худ ба ДИ хабар медиҳад - Sputnik Тоҷикистон
Интерпол фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистонро мавриди пайгард қарор дод

Ҳамчунин собиқ фармондеҳи ОМОН гуфт, ки қатли яке аз фаъолони ДИ Абу Холиди Кӯлобӣ (Махсум Нусрат) ҳадафи фирори вай ба Сурия набудааст.

Собиқ фармондеҳи 40 солаи ОМОН дар авохири моҳи апрел нопадид шуд ва баъд аз як моҳ бо навори видеоӣ муроҷиъат карда, хабар дод, ки ба нишони эътироз аз наҳваи фаъолияти ВКД ба суфуфи ДИ пайвастааст.

Дар Тоҷикистон алайҳи Ҳалимов тибқи чанд моддаи қонуни ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Сарҳанги фирорӣ дар пайгарди қонунии байналмиллалӣ эълом шудааст.

Лентаи хабарҳо
0