Аслӣ Бурҳонов – шоҳиди таъсиси синамо ва театри тоҷик

© SputnikАслӣ Бурҳонов дар нақши Мухтор-ака дар филми "Ман бо духтаре вохӯрдам"
Аслӣ Бурҳонов дар нақши Мухтор-ака дар филми Ман бо духтаре вохӯрдам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими ифтитоҳи ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои ҳирфаии “Парасту-2015” 15 июн дар театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Маросими ифтитоҳи ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои ҳирфаии "Парасту-2015" 15 июн дар театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Ҷашнвораи "Парасту" дар соли ҷорӣ ба 100-мин солгарди ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст.

Театри ба номи А.Лоҳутӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнвораи навбатии “Парасту”-ро ба 100 солагии Аслӣ Бурҳонов мебахшанд

Аслӣ Бурҳонов аз истеъдоди табии ҳунармандӣ бархӯрдор буда аз нахустин ҳунармандони ҳирфаии театри тоҷик буд.

Бурҳонов 8 январи соли 1915 дар Бухоро таваллуд шудааст. Фаъолияти ҳунармандиро дар гурӯҳҳои ҳунарии мустақил оғоз кардааст. Дар солҳои 1932-1933 ҳунарманди театри мусиқӣ-драммавии Бухоро буд. Аз соли 1933 то охири умри худ ҳунарманди театри драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Истеъдоди ҳунармандиаш ба таври муҷассам зимни иҷрои нақшҳои барҷастаи осори гузаштагон — нақши Яго дар "Отелло", нақши Меркутсио дар "Ромео ва Ҷулетта", нақши Труфалдино дар намоишиномаи "Ғуломи ду хоҷа" ва ғайра таҷассум ёфтааст. Дар баробари нақши қаҳрамонҳои осори гузаштагон вай ҳамзамон нақши қаҳрамонҳои муосирро низ меофарид.

Аз соли 1940 дар филмҳои тоҷикӣ нақшҳо офарида дар тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст. Дар маҷмӯъ дар тарҷумаи ҳудуди 500 филми бадеъи мушорикат кардааст.

Ба гуфтаи Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамосозони Тоҷикистон, исми Аслӣ Бурҳонов ба номи филмсозони шӯҳратманде назири Зоир Дӯсматов ва Муҳаммадҷон Қосимов бастагӣ дорад.

"Ин се нафар шогирдони саршиноси Ефим Исаевич Метилман буданд. Онҳо аз донишҳои ғании театрӣ бархурдор буданд ва ин донишҳоро ба онҳо Метилман ба унвони коргардони театри Лоҳутӣ ироъа кардааст. Ба ин далел онҳо барои синамои тоҷик ба унвони ҳунармандони қавӣ ва соҳибистеъдод арзишманд буданд. Ин истеъдоди театрии онҳо дар филмҳои тоҷикӣ низ таҷассум ёфтаанд", — гуфт Ҳақдодов.

Ҳақдодов зикр кард, ки филмҳои бо ширкати Бурҳонов "Вақти издивоҷи писар" ва маҳзакаи мусиқии "Ман бо духтаре вохӯрдам" аз маҳбубтарин филмҳояш мебошанд.

"Ин ҳамон филмҳоест, ки тавассути онҳо Бурҳонов саршинос шуд. Дар ин ду филм вай нақши падарҳоро иҷро кардааст ва ин нақшҳо то ҷое шабеҳи ҳамдигаранд. Аслӣ Бурҳонов ҳамчун ҳунарманди нақшҳои драммавӣ дониста мешуд, вале баъд аз филми "Ман бо духтаре вохӯрдам" дар синамо ҳамчун ҳунарманди маҳзакавӣ шӯҳрат ёфт", — гуфт вай.

"Ман бо духтаре вохӯрдам" — нахустини филми рангаи тоҷик аст

Дастаи овозхонони Қасри фарҳанги шаҳр талош доранд, ки Лола, дорои овози нотакрорро, ба ташкили ҷашнвора ҷалб созанд, вале падараш (Аслӣ Бурҳонов) аз ин иқдом ҷилавгирӣ мекунад. Сурудаҳои Лола боъис мешаванд, ки устои барқ Саид соатҳо дар назди манзилаш таваққуф кунад. Барои ҳифзи духатараш апдар ӯро ба манзили холааш ба русто мефиристад. Вале Саид дунболи Лола меравад…

Ба гуфтаи Ҳақдодов, то ин замон Бурҳонов нақши қаҳрамонҳои матин, муборизони озодии мардум ва бархе аз нақшҳои ҷиддӣ офарида буд. Аммо баъд аз филми "Ман бо духтаре вохӯрдам" ҳунармандро дар офаридаи дигар дидан мумкин буд. Сипас ин вижагиаш дар нақшҳои театрӣ низ таҷассум ёфтанд.

Нақшҳои дар филмҳо иҷрошуда:

"Дар постгоҳи дур" (1940);

"Постгоҳ дар кӯҳистон" (1945);

"Дохунда" (1956);

"Ман бо духтаре вохӯрдам" (1957);

"Вазифаи баланд" (1958);

"Вақти издивоҷи писар" (1959);

"Абӯ Алӣ ибн Сино" (Ӯзбекфилм" 1960) ва ғайра

Нақшҳои театрӣ:

Хушвақт — "Бӯҳтон", Саидмуродов ва Исмоилов;

Салим — "Калтаксурхон", Улуғзода;

Ёдгор — "Дохунда", Икромӣ;

Алишер Навоӣ — "Алишер Навоӣ". Уйғун ва Султонов;

Рӯдакӣ — "Рӯдакӣ", С. Улуғзода (коргардон Х.Раҳматуллоев);

Кент — "Шоҳ Лир", У. Шекспир;

Яго — "Отелло", У. Шекспир;

Хлестаков — "Ревизор", Н.В.Гогол;

В.И.Ленин — "Марде бо силоҳ", А. Каплер ва Златогорова;

В.И.Ленин — "Соли фаромӯшнашавандаи 1919", В.Вишневский;

В.И.Ленин — "Тӯфон", Абдулло Қиёмов.

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо:

Дорандаи ҷоизаи Давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ ба номи Рӯдакӣ — барои нақшҳои театрӣ (1970). Ордени Ленин, се нишони "Эҳтиром".
Нишони "Сад солагии таваллуди Владимир Илич Ленин" (1970), се ифтихорномаи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Аслӣ Бурҳонов 27 декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0