Ҷашнвораи навбатии “Парасту”-ро ба 100 солагии Аслӣ Бурҳонов мебахшанд

© Sputnik / StringerТеатри ба номи А.Лоҳутӣ. Акс аз бойгонӣ
Театри ба номи А.Лоҳутӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҷашнвораи навбатии театриро ба бузургдошти як асринаи ҳунарманди саршиноси театр ва синамо ихтисос диҳад. Намоишномаҳои ҷашнвораро ҳайъати байналмиллалии ҳакамон арзёбӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҷашнвораи навбатии ҷумҳуриявии театрҳои касбии "Парасту", ки дар моҳи июн баргузор мешавад, ба 100- солагии ҳунарманди шӯравии тоҷики театр ва синамо, режиссер Аслӣ Бурҳонов бахшида мешавад, хабар медиҳад вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Зикр мешавад, ки имсол бо фармони вазири фарҳанги Тоҷикистон ба унвони аъзои ҳакамони ҷашнвора коршиносон ва муннақидони арсаи театр аз кишварҳои ИДМ даъват мешаванд.

Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов (1915-1998) фаъолияти ҳунарии худро соли 1932 дар театри мазҳакавӣ драммавии Бухоро оғоз кардааст. Аз соли 1933 ҳунарманди театри ба номи Лоҳутӣ (Душанбе) буд. Фарохии эҷодиёти вай дар иҷрои нақшҳои саршиноси ҷаҳонӣ — нақши Яго дар "Отелло", Меркутсио дар "Ромео ва Ҷулетта", Труффалдино дар "Ғуломи ду хоҷа", Лир дар "Шоҳ Лир" инъикос ёфтаанд. Нақшҳои қаҳрамонони феълӣ ва гузаштаро олӣ мебозид ва дар бештаре аз намоишномаҳои театр машғул буд.

Аз соли 1940 дар филмҳои тоҷикистонӣ нақш меофарид ва дар тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ саҳм дошт. Ҳамчунин режиссер ба саҳна гузорандаи бархе аз намоишномаҳо, назири "Муаллими ишқ", "Саодат", "Мурдаҳо" ва "Ду веронӣ" мебошад. Бо ордени Ленин, се ордени "Нишони эҳтиром" ва нишони "Барои кори пуршукӯҳ" сарфароз шудааст.

Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии "Парасту" аз соли 1988 бад ин сӯ баргузор мешавад. Ҷашнвораи қаблӣ соли 2014 баргузор шуда ба 100 солании ҳунарманди мардумӣ София Тӯйбоева бахшида шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0