ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Комиссари олии СММ Зайд Раад ал-Ҳусейн аз бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, даъват кард, ки аз фишорҳо алайҳи созмонҳои ғайридавлатӣ ва фаъъолон даст кашанд, хабар медиҳад Маркази иттилоъотии СММ.
Мавзӯъи маҳдудсозии озодиҳои созмонҳо дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи душанбе дар ҷаласаи 29 Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева баррасӣ шуд.
"Дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон феълан тарҳҳои қавонини марбут ба созмонҳои ғайридавлтие, ки сармоягузории хориҷӣ дарёфт мекунанд, таҳия мешаванд. Агар чунин қавонин тасвиб шаванд, ин амр ба идомаи маҳдудсозии озодиҳои демократӣ мунҷар мешавад", — иқтибос овардааст Маркази иттилоъотии СММ аз суханони комиссари олӣ.
Ба эътиқоди вай, вазъияти мушобеҳ феълан дар Русия сурат мегирад, ки қонуни ҷадиде тасвиб шуда ва ҳамакнун мақомот шароит пайдо карданд, ки созмонҳои хориҷӣ ва байналмиллалиро "нофарҷом" хонда фаъолияти онҳоро бар асоси ин, ки онҳо ба сохти қонунӣ, амнияти давлатӣ ва ё дифоъ хатарзо мебошанд, масдуд кунанд.
"Аз ҷониби худ мо нигарон ҳастем, ки муқаррароти ин қонунро ба таври дилхоҳ метавон шарҳ дод, зеро дар он аз лиҳози қонунӣ мушшахас нашудааст, ки чӣ нукта хатар мебошад. Ин қонун барои ҷомеъаи маданӣ пайёмадҳои ҷиддие хоҳад дошт, бавижа барои фаъолони ҳуқуқи башар", — таъкид мешавад дар суханони Ал-Ҳусейн.
Дар авохири ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон ба қонуни ин кишвар "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" тағйирот ворид сохт, ки ташдиди назорат бар сармоягузории хориҷии СҒД дар назар дорад.
Ин ислоҳот, ки аз сӯйи вазорати адлияи Тоҷикистон таҳия шудааст, таъсиси феҳрасти давлатии кӯмакҳои башардӯстонаро дар назар дорад, ки ба он бояд куллияи иттилоъот дар бораи кӯмакҳои молӣ, бурсҳо ва маболиғи дигаре, ки барои иҷрои тарҳҳои СҒД Тоҷикистон ворид мешавад, сабти ном карда шаванд.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз тасвиби ин қонун, дар моҳи ноябри соли гузашта бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ аз мақомот хоста буданд, ки чунин ислоҳотро таҳия накунанд, зеро онҳо сармоягузории СҒД-ро маҳдуд месозанд.
Намояндагони СҒД мутмаъин буданд, ки ибтикори вазорати адлия барои ворид сохтани ислоҳот ба қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" муғойири мавозини байналмиллалӣ буда ба фаъолиятҳои СҒД дар кишвар таҳдид мекунад.