ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ шоми 25-уми ноябр, зимни ироаи баёнияи муштарак аз ҳукумат тақозо карданд, ки ба тарҳи қонун дар бораи маҳдудияти маблағгузории СҒД-ҳо ислоҳот ворид насозад.
Намояндагони СҒД мегӯянд, ибтикори Вазорати длия дар мавриди ворид сохтани таӯйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", ки танзим ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба грантҳои хориҷӣ барои созмонҳои ғайридавлатиро дар назар дорад, муғойир ба қонунгузории байналмилалӣ мебошад ва ба фаъолияти баъдии СҒД-ҳо дар ҶТ хатар дорад.
"Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки аз қабули қонуни мазкур, ки ҳадафаш маҳдуд кардани дастрасӣ ба грантҳои хориҷӣ ва кӯмакҳои молиявӣ аст, худдорӣ намояд. Ба ҳуқуқ ва фаъолияти СҒД-ҳо арҷ гузошта шавад",- омадааст дар баёния.
Гуфта мешавад, Вазорати адлияи Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"-ро рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он, дастрасии созмонҳои иҷтимоии кишвар ба грантҳо ё кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ маҳдуд карда мешавад. Тибқи ин тарҳи қонун, дарёфти грантҳо аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ барои созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон танҳо бо иҷозаи ҳукумати кишвар дода хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ин лоиҳа дар дасти ниҳодҳои марбути кишвар қарор дорад ва қарор аст дар ояндаи наздик ба парлумон фиристода шавад.
Дар ин баёния аз он нигаронӣ шудааст, ки бо қабули ин тарҳ, бар мушкили созмонҳои ғайридавлатӣ, ки бе ин ҳам ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд, афзуда хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки онҳо ҳамвора дар бораи сарчашмаи маблағҳои худ ба Вазорати адлия ва мақомоти андоз маълумот ироа менамоянд. Ҳамзамон дар ин баёния аз мудохилаи мустақими ҳукумат дар фаъолияти Созмонҳои ғайридавлатӣ нигаронӣ шудааст, ки ба амалӣ шудани тарҳҳои ин созмонҳо латма мезанад.
Ин баёния аз сӯи 92 ташкилот, аз қабили: Amnesty International, Ҷунбиши умумиҷаҳонӣ барои демократия, Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва қонунмандӣ (Тоҷикистон), Бунёди байналмиллалии "Мемориал" (Русия), БҶ "Нотабене"(Тоҷикистон), Бунёди ҳуқуқи инсони Хелсинки (Полша), Маркази озодиҳои шаҳрвандон (Украина), Маркази ҳуқуқи инсон (Тоҷикистон), АМВАО (Тоҷикистон), Маркази мустақили ҳуқуқи инсон (ҶТ) имзо гузоштаанд.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 2 ҳазору 800 созмонҳои мухталифи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.