ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. ИФМ ба 1,4 миллион нафар нақзкунандагони қавонини Русия вуруд ба ин кишварро мамнӯъ сохтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии ин ниҳод.
Тибқи муқаррароти ҷадиди муҳоҷирати Русия, ки аз аввоили моҳи январи соли 2015 мавриди иҷро қарор гирифтанд, ба он идда аз атбоъи хориҷӣ, ки қавоиди ҳузур дар кишварро нақз кардаанд, ба сурати мустақим вуруд ба кишвар барои 10 сол мамнӯъ мешавад.
"Феълан барои 1,4 миллион атбоъи хориҷӣ убур аз марзи давлатии Русия мамнӯъ шудааст", — омадааст дар хабари ин ниҳод.
Маркази матбуотӣ аз суханони раҳбари ИФМ Русия Константин Ромодановский иқтибос овардааст, ки вуруд ба нақзкунандагонро компутар манъ месозад. "Компутар интихоб намекунад, ки ба кӣ иҷоза диҳаду ба кӣ на. Барномаи компутарӣ нақзкунандаро ошкор кард ва таъйинотро содир кардааст", — гуфтааст Ромодановский.
Вай зикр кард, ки муқаррароти муҳоҷират — тахайюлӣ набуда онро бояд донист ва иҷро кард, "зеро Русия шаҳри бедарвоза нест".