ДУШАНБЕ, 10 июня — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аснои баррасии масъалаи аз андоз озод кардани ду ширкати муштараки Тоҷикистону Чин гуфт, мо набояд коргарони оддиро аз Чин биёрем, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Дар ҷаласаи ахири палатаи поёнии парлумони кишвар ба ду ширкати муштараки кишоварзии Тоҷикистону Чин «Ҷунтай- Хатлон синсилу» ва «Водии заррин», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ дода, онҳоро ба маблағи $1, 9 миллион аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод намуд.
"Зимни татбиқи ин тарҳҳо бояд мардуми Тоҷикистон кор кунанд, мо набояд коргарони оддиро аз Чин биёрем, ғайр аз мутахассисон, ки онҳо ҳам бояд муввақатӣ бошанд",- афзуд раиси МН.
Ҷалби чиниҳо барои кор дар ширкатҳои муштараки марбути ин кишвар яке аз шартҳои асосии сармоягузорони Чин мебошад.