ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ширкати тоҷикистониву чинии "Ҷунтай-Хатлон Синсилу" аз пардохти андоз ва таруфаҳои гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизот барои обёрии заминҳо дар вилояти Хатлон, ки ба ин ширкат барои 49 сол ба иҷора дода шудаанд, озод шудааст, менависад хабаргузории "Авеста".
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз ислоҳот ба қонуни кишвар "Дар бораи будҷаи Тоҷикистон дар соли 2015" тасвиб карданд, ки тибқи он ба ширкати "Джунтай-Хатлон Синсилу" ихтисоси имтиёзоти зикршуда дар ҳаҷми $1,1 миллионро пешбинӣ мекунад.
Ислоҳот ба қонуни будҷаро муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Умед Давлатзод муъаррифӣ карда зикр кард, ки ширкати тоҷикистониву чинӣ 15 ҳазор гектар заминҳоро (навоҳии Ҷилилкӯл, Н.Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён) обёрӣ карда дар он ҷо пахта кишт мекунад.
"Ҷунтай-Хатлон Синсилу" дар садад аст ба ин тарҳ $200 миллион сармоягузорӣ кунад. Маблағи умумии таҷҳизоти воридшаванда барои ниёзҳои ин ширкат $4,8 миллион мебошад. Ин заминҳо барои ин ширкат барои 49 сол ба иҷора дода мешаванд. Ширкат дар ноҳияи Данғара корхонаи коркарди нахи пахтаро низ бунёд мекунад", — зикр кард Давлатзод.
Ба ҷуз "Ҷунтай-Хатлон Синсилу" як ширкати дигар низ аз имтиёзот бархурдор шудааст — ширкати "Водии Заррин", ки қасд дорад дар ҷануби кишвар 9 ҳазор гектар заминро барои кишти зироъатҳо обёрӣ кунад.
"Ин ширкатро аз пардохти $700 ҳазор озод карданд. Ин ширкат дар садад аст ба тарҳи худ 100 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кунад. Таҷҳизот ба маблағи ҳудуди $3,2 миллион харидорӣ хоҳад шуд", — омадааст дар хабар.
Аз таҷрибаи озодкунӣ аз пардохти андозҳову таруфаҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир истифода мешавад. Чунин имтиёзоти ҳукуматро тарҳҳое соҳиб мешаванд, ки муҳим дониста мешаванду ҳадафи рушди тавлидот дар кишварро доранд.