Даъвати Пан Ги Мун аз Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПан Ги Мун аснои суханронӣ дар ҳамоиши байналмиллалии "Об барои ҳаёт" дар Душанбе. 9 июни соли 2015
Пан Ги Мун аснои суханронӣ дар ҳамоиши байналмиллалии Об барои ҳаёт дар Душанбе. 9 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар бораи зарурати ҳамкории ҳукумат бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ, ки онро қисме аз ҳуқуқҳои инсон медонад, изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки нақшаи миллии ҳимояи ҳуқуқи инсонро омода созанд, менависад сомонаи ин ташкилоти байналмиллалӣ.

Бан Ги Мун рӯзи сешанбе, 9 июн вориди Душанбе шуда, дар расми ифтитоҳи Анҷумани байналалии бахшида ба оғози Даҳсолаи об ширкат кард. Дабири кулли СММ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони дигари расмӣ мулоқот дошт.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пан Ги Мун вориди Душанбе шуд

"Дар мавриди ҳуқуқи инсон ва масоили марбут ба он боял бигӯям, ки мо ҷонибдори ҳамкории мақомот бо унсурҳои ҳимояи ҳуқуқии СММ мебошем",- иброз дошт ӯ аснои мулоқот бо хабарнигорон.

Ҳамзамон, Пан Ги Мун ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, барои дар сатҳи баланд ва бо мудирияти мусоид ба роҳ мондани конфронси мазкур арзи сипосу қадрдонӣ намудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ Пан Ги Мун аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об, энергетика, гармшавии иқлим ва таъмини рушди устувор, аз ҷумла аз тариқи истифодаи васеъ аз иқтисоди сабз, имсол дар иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намояд.  

Ба иттилоъи манбаъ, аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ изҳори қаноат карда шудааст. Гуфта шудааст, ки давоми солҳои 2010-2014 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳои СММ бо маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ тақрибан 100 лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0