Пан Ги Мун вориди Душанбе шуд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкДабири кулли СММ Пан Ги Мун. Акс аз бойгонӣ
Дабири кулли СММ Пан Ги Мун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, Пан Ги Мун дар ҷараёни ин сафараш ба Тоҷикистон дар баробари иштирок дар ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" аз маҳалли кӯли Сарез ҳам боздид кунад.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал, барои иштирок дар ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" субҳи 9 июн вориди Душанбе шуд, менависад сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Пан Ги Мун аз кули Сарез боздид мекунад

Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар Пан Ги Мун аз кӯли Сарез ҳам боздид кунад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти як ба яки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Милал низ дар назар аст.

Ин сафари Пан Ги Мун ба Тоҷикистон баъд аз иштирокаш дар ҷаласаи G7 сурат мегирад ва ӯ баъди анҷоми боздидаш дар Тоҷикистон, ба Қазоқистон ва сипас Қирғизистону Ӯзбакистон ва Туркманистон хоҳад рафт. Дар ҳамаи ин кишварҳо мулоқоти Бан Ки Мун бо раисони ин ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти баландпоя низ дар назар дошта шудааст.

Ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар Душанбе рӯзи 9 июн оғоз шуда, баъд аз зӯҳри 10 июн анҷом меёбад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар кори ин ҳамоиш намояндагони 99 кишвару созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, роҳбари иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон ва Бахтиҷон Сагинтаев, муовини аввали сарвазири Қазоқистон иштирок мекунанд.

Аммо нуктаи ҷолиб дар ин сафари Пан Ги Мун ба Тоҷикистон боздиди вай аз маҳалли кӯли Сарез аст, ки аз рӯи зебоияш онро "нозанини хуфта" ва аз рӯи хатараш "аждаҳои хуфта" ном мебаранд. Ин кӯл соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, 17 миллиард метри мукааб об дорад. Ба гунаи мисол, барои пур кардани обанбори Роғун аз ин камтар об зарур аст, ки тибқи ҳисобҳо, онро дар 16 — 17 сол ҷамъ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0