ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Пан Ги Мун, дабири кулли Сомзони милали муттаҳид (СММ) дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз кули Сарез, воқеъ дар вилояти Бадахшони кишвар низ боздид хоҳад кард, менависад хабаргузории "Озодагон".
Стефан Дюжаррик, намояндаи расмии дабири кулли СММ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, Пан Ги Мун рӯзи 9 июн ба хотири иштирок дар ифтитоҳи расмии Конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" вориди шаҳри Душанбе хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, дабири кулли СММ дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда, аз кули Сарез низ боздид хоҳад кард.
Стефан Дюжаррик афзудааст, дабири кулли СММ дар доираи ин сафар аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ боздид хоҳад кард.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони баландпояи наздик ба 70 кишвари дунёву 50 созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.