Тоҷикистону Чин тамриноти таълимӣ алайҳи террор баргузор карданд

© Sputnik / РатушенкоТамриноти низомии таълимӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тамриноти низомии таълимӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти қудратии Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият дода, ба марҳилаи нави он ворид мегарданд. Ин дафъа дар кӯҳҳои Ромит машқҳои таълими муштарак барои муқобала бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ баргузор гардиданд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар дараи Ромит тамриноти таълимии муштараки Тоҷикистону Чин сурат пазируфт, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Дар маркази таълимии «Марғоб»-и минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои тактикии муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор бо иштироки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Чин баргузор гардид.

Рамазон Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода аз хатарот дар минтақаи СҲШ гуфт

"Баргузории машқҳои муштараки зиддитерористӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва баланд бардоштани таҷрибаи амалии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои таъиноти махсус мусоидат менамояд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки рафти тамриноти мазкурро вазирони умури дохила ва амнияти кишварҳои узви СҲШ ва СПАД назорат хоҳанд кард.

 

Лентаи хабарҳо
0