Рамазон Раҳимзода аз хатарот дар минтақаи СҲШ гуфт

Обуна шудан
Таҳдиди воқеъӣ ба амнияти кишварҳои узви СҲШ фаъолшавии гурӯҳҳои тундрав ва ҷалб шудани шаҳрвандони минтақа ба даргириҳои Сурияву Ироқ мебошад, мегӯяд вазири умури дохилаи Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Хатари терроризм ва ифротгароӣ алайҳи кишварҳои аъзои СҲШ меафзояд, иброз дошт рӯзи ҷумъа вазири корҳои дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора ӯ аснои ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои вазирони умури дохилаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе иброз дошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД. 2 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: тақвияти сарҳад бо ҶИА хатарҳоро аз байн мебарад

"Эҳтимоли воридшавии тунгароён ва гурӯҳҳои ҷиноӣ ба қаламрави мо вуҷуд дорад",- гуфт Раҳимзода.

Созмонҳои "Ал-қоида", "Толибон" ва "ДИИШ"-у "Бародарони мусалмон" ("Ихвон-ал-муслимин"- шарҳи идора), ки мақсади мунсаҷим кардани неруҳояшонро доранд, аз хатароти аслӣ унвон мешаванд.

Фаъолшавии ин гурӯҳҳо, ба қавли вазир, ба афзоиши истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон иртибот дорад.

"Таҳдиди дигар, ки дар қиболи кишварҳои аъзои СҲШ ва умуман Осиёи Марказӣ эҳсос мешавад, гаравидани шаҳрвандони ин минтақа ба Давлати исломӣ ва ба ҷиҳод даъват шудани онҳо мебошад",- қайд кард вазир. Ӯ афзуд, ДИИШ мехоҳад ҷангро ба Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон таҳвил бидиҳад.

Ба гуфти Раҳимзода, тибқи маълумоти ахир 412 шаҳрвандони Тоҷикистон дар суфуфи ДИ қарор дошта, дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат доранд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои вазирони умури дохилаи СҲШ  аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои мусулмонӣ ва таъсири манфии чунин вазъият ба минтақаи мо, изҳори нигаронӣ карда таъкид  дошт, ки "сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва муборизаи беамон бо зуҳуроти он бояд пайваста ҷаҳду талош дошта бошанд".

Сад сарбози Чин вориди "Марғоб"-и дараи Ромит шуданд

"Тоҷикистон пайомадҳои ифротгароию терроризми сиёсиро ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузарондааст ва мардуми кишвар даҳшатҳои чунин зиддиятҳои хунинро хуб дар хотир доранд ва имрӯз барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд пурсамар истифода бурда шавад",- менависад сомонаи райисҷумҳур.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ иборат аз 11 кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Ӯзбакистон аъзои аслии он ва Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон нозири ин ташкилот ба шумор мераванд. Ҳадафи ин созмон, густариши ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв мебошад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0