ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дилбар Эшонқулова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов саҳари рӯзи 5 — уми июн билохира ду ҷигаргӯшаааш — Ҷасминаи 4-сола ва Ойгули 5-соларо ба оғуш кашид, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
"Ман ин рӯзро 6 моҳ боз мунтазир будам. Баъзан фикр мекардам, ки дигар фарзандонамро намебинам, аммо худоро шукр, онҳоро ба ман бозгардонд", — мегӯяд, Дилбар.
Ӯ нақл кардааст, ки 6 сол қабл бо ҷавоне аз ноҳияи Спитамен бо номи Акмал Зокиров издивоҷ кард ва паси ҳам ҳамин ду духтурчааш: Ҷасмин ва Ойгулро ба дунё овард. Як пойи Ойгул аз кӯдакӣ каме каҷ буд ва ниёз ба табобат дошт. Моҳи октябри соли 2014 Дилором бо кӯдаконаш ба шаҳри Маскав назди шавҳараш — Акмал Зокиров сафар кард. Ва ҳама умедҳояш барбод рафт, зеро шавҳараш зани дигареро аз Узбакистон ба ҳамсарӣ гирифта буд ва зани никоҳӣ ва модари ду кӯдакаш — дилоромро хеле сард истиқбол гирифт.
"Шавҳарам ва ҳамсари наваш маро таҳқир ва лату кӯб мекарданд. Дар пойгоҳи сабзавотфурӯшӣ дар маҳаллаи Новопруденски шаҳри Маскав кор мекардам, нон мепухтам, корҳои вазнин мефармуданд, ман ҳатто шабҳо фарш мешустам. Ҳатто кӯдакони худсоламро азоб медоданд ва ба тифлии онҳо раҳм накарда, кор мефармуданд ва баробари ман фарш мешӯёниданд. Таҳдид мекарданд, ки маро ба танфурӯшию кӯдаконамро ба харидоре меурӯшанд, ки ӯро аз чашми онҳо дур ба Испания мебарад", — гуфтааст ин модар.
Ба гуфтаи Дилбар, онҳо бо шавҳараш танҳо бо никоҳи мусалмонӣ издивоҷ карда буданд ва шавҳараш дар Маскав ба ҷуз шиносномаи тоҷикии худ бо шиносномаи қалбакии Қирғизистон низ дошт. Ин ки Дилором гуфтааст, ин сирри ӯро ба пулис ошкор мекунад, боиси хашму ғазаби бештар ва ба сараш даст бардоштни вай шудааст. Билохира бо мадади як марди арман вай аз қайди шавҳарашу зани дуюми вай раҳоӣ ёфта, моҳи ноябри соли 2014 кӯдаконашро дар Маскав гузоштаву худаш танҳо ба Тоҷикистон баргаштааст.
"Ман ба пулиси маҳалламон муроҷиат кардам, ки кӯдаконамро баргардонанд, аммо онҳо гуфтанд, ки дасташон кӯтоҳ аст, онҳоро аз Русия баргардонан наметавонанд. Баъди ин аз созмони ҷамъиятии занони "Гулрухсор" ва бо раҳнамоии онҳо ба "Маркази мусоидат ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ" дар Хуҷанд ёрӣ пурсидам. Ҳазорон раҳмат, ки бо мадади онҳо кӯдаконамро баргардониданд", — гуфтааст Дилбар.
Башорат Рӯзиева, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба истиқболи Дилбар омада буд, ба вай дар ду лифофа ба гуфтаи худаш "каме маблағ" тақдим кард ва гуфт, дар 2 —3 рӯзи оянда дар ҷо кардани Ҷасмину Ойгул дар кӯдакистони маҳал ба ин модари танҳо мусоидат хоҳад кард.