ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ҷасади муҳоҷири кории тоҷик Амонулло Қувандиқов, ки рӯзи 1-уми июн дар наздикии шаҳри Ярославл даст ба худкушӣ зада буд, ба ватан ирсол гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар ФР.
Ҷиҳати интиқоли майит ба Тоҷикистон намояндагии вазорат ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони муқими Ярославл Рустам Мирзохоҷаев кӯмак карданд.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон, ки дар сохтмони як манзили маскунӣ дар деҳаи Усти ноҳияи Ярославл худро ба дор овехтааст.
Ба қавли наздикони муҳоҷири ҳалокшуда, вақтҳои охир ӯ аз дарди шадиди сар, ки дар ҷойи кор ҷароҳат бардошта буд, шикоят мекард.
Гуфта мешавад, Қувандиков корҳои таъмириро дар сохтмон анҷом медод, аммо ҳеч гоҳ дар мавриди худкушӣ ҳарф намезад.