Шоҳидии Матлубхон Давлатов ва Гул Шералӣ дар мурофиаи додгоҳӣ

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гул Шералӣ иброз доштааст, ки хусусигардонии корхонаи “Тоҷиказот” дар чорчубаи қонун бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Матлубхон Давлатов, собиқ раиси Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов ба ҳайси шоҳид ҳузур доштаанд, менависад хабаргузории "Авеста".

Оғози мурофиаи Зайд Саидов дар СИЗО

Ин ду нафар дар мавриди парвандаҳои ахире, ки алайҳи Саидов эълон гардидааст, пурсида шудаанд.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов дар сӯҳбат ба "Авеста" нишондоди ин ду нафарро дар маҷмӯъ ба манфиати зерҳимояаш арзёбӣ кардааст. Табаров гуфтааст, Гул Шералӣ дар мавриди хусусигардонии корхонаҳои "Гулистон" ва "Тоҷиказот" пурсида шуд. Оқои Шералӣ иброз доштааст, ки хусусигардонии корхонаи "Тоҷиказот" дар чорчӯби қонун ва бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба иттилои адвокат, Гул Шералӣ гуфтааст, дар вақти хусусигардонии ин корхонаҳо ягон қонуншиканӣ роҳ дода нашудааст ва таъкид кардааст, ки корхонаҳои мазкур дар гузашта аз бузургтарин корхонаҳо ба ҳисоб мерафтанд, ки маҳсулоташон ба хориҷа содирот мешуд.

Вакили мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, Матлубхон Давлатов оид ба хусусигардонии ошхонаи Вазорати саноат гуфтааст, замоне ки Зайд Саидов вазири саноат таъин шуд, тасмим хусусигардонии ин иншоот аллакай аз ҷониби шахси дигар гирифта шуда буд.

Таъсири тағйирот дар Прокуратура ба мурофиаи Зайд Саидов

"Давлатов гуфт, Зайд Саидов барои хусусӣ гардонидан ягон хел таъсир надошт ва имкони таъсир расонидан ҳам надошт", — афзудааст Давлатов.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Зайид Саидов дар доираи парвандаҳои наваш, хостори даъвати мансабдорони баландпояи кишвар, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раиси Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Давлаталӣ Саидов, муовини сарвазир ба мурофиаи додгоҳиаш шуда буд. Баъдан, оқои Саидов аз даъвати Убайдуллоев даст кашид.

Бинои СММ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номаи вакилони Зайд Саидов ба СММ

Зайд Саидов дар моҳи апрели соли 2013 эълон кард, ки дар пайи таъсиси ҳизби сиёсие бо номи "Тоҷикистони нав" аст. Вай бо як сафар дар моҳи майи ҳамон сол берун аз Тоҷикистон қарор дошт, ки мақомоти кишвар аз ифтитоҳи парвандаи бисёрзанӣ нисбаташ хабар доданд. Ҳангоми бозгашт шаби 18 ба 19 майи он сол Саидов дар фурудгоҳи Душанбе боздошта шуд ва дар охири соли ҳукми 26 соли зиндонаш содир шуд. Зайд Саидов дар таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ҷинояти иқтисодӣ айбдор шуд.

Ҳамакнун як бастаи дигари иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Соҳибкори зиндонӣ ҳеч кадоме аз ин айбномаҳоро қабул накардааст; на мурофиаҳои соли 2013 ва на мурофиаҳои имсоларо.

Лентаи хабарҳо
0