Оғози мурофиаи Зайд Саидов дар СИЗО

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чанд вақти танаффус ва иваз шудани додрасҳо, ба баррасии парвандаи навбатии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав шурӯъ кардааст.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чанд муддати танаффус ба баррасии парвандаи нави Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии ҳизби сабтнашудаи Тоҷикистони нав оғоз кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Таъсири тағйирот дар Прокуратура ба мурофиаи Зайд Саидов

Ҳоло мурофиаҳои Зайд Саидовро додрас Савриддин Тошев раҳбарӣ дорад ва ӯ дар ин мақом Мирзо Каримовро иваз намудааст. Мурофиаи Саидов дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барпо мешавад.

Қаблан баррасии парвандаи нави Зайд Саидов дар додгоҳ бар ӯҳдаи Алмомиш Акбаров буд, ки дертар гӯиё ба иллати беморияш аз ин кор берун карда шуд.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, дар назар аст, дар мурофиаи рӯзи ҷумъа ҷабрдидаҳо аз вазорати саноат ва технологияҳои нав ва сарраёсати сохтмони пойтахт мавриди пурсиш қарор гиранд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 16 январи соли ҷорӣ аз анҷоми парвандаи навбатӣ алайҳи соҳибкор ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов хабар дод.

Дар маълумотномае, ки дар сомонаи расмии Оҷонсӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, тафтиши парвандаи Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод анҷом шуда, "айбдории Саидов З.Ш. бо моддаҳои 340 қисми 2 бандҳои "а,б" (сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст), 314 қисми 2 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад), 245 қисми 4, банди "б" (бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ), 262 қисми 3 банди "б" (ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда) ва 292 қисми 2, банди "б" (ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ)… аз ҷониби прокуратураи генералии Тоҷикистон, баъди омӯзиш ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ, 16.01 соли 2015 барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Тоҷикистон ирсол карда шуд."

Намояндаҳои САҲА-ро ба мурофиаи Саидов роҳ надоданд

Оҷонсии зиддифасод "зарари молиявии ба буҷаи давлат расонидашуда" аз тарафи Зайд Саидовро дар чорчӯби иттиҳомоти омада дар ин парвандба 52.254.442,25 ё тақрибан 10 миллион доллар бароварда карда, меафзояд: "Аз ҷумла, аз ҳисоби хусусигардонии ғайриқонунии саҳмияҳо ва иншоот, 2.262.482 сомонӣ, аз ҳисоби бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ, 34.037.684,25 сомонӣ ва азҳисоби саркашӣ аз супоридани андозҳо, 11.497.053 сомонӣ (бо ҷарима ва фоизҳояш 15.954.276 сомонӣ)."

Ин мавридҳои "тасарруф" ва "азонихудкунӣ" бармегарданд ба сохтмони "Душанбе — Плаза" — баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон ва мактаби рақами 8 дар маркази пойтахт, ки низ ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов сохтаанд. Оҷонсӣ мегӯяд, дар рафти тафтиш "барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк, бо қарори суд ба молу мулки айбдоршаванда Саидов З.Ш. ба маблағи умумии зиёда аз 30.000.000 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст."

Бинои СММ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Номаи вакилони Зайд Саидов ба СММ

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Зайд Саидов аз ҷумлаи тарафдорони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби саҳмияҳои 30-фоизаи мухолифин ба мақоми раиси кумитаи саноат расид. Ӯ дар соли 2001 вазири саноат таъин шуд ва то поёни соли 2006 дари ин мақом кор кард. Зайд Саидов баъди рафтанаш аз ҳукумат ба соҳибкорӣ баргашт ва баъди чанде дар ҷумла соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифт. Ширкатҳои ӯ бахусус дар риштаи сохтмон муваффақ буданд ва чанд бинои бузург дар пойтахт, аз ҷумла бинои 22-қабатаи "Душанбе-Плаза", мактаби рақами 8 ва дафтари марказии "TCell"-ро ширкатҳои марбут ба Саидов сохтаанд.

Лентаи хабарҳо
0