ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Натоиҷи бозрасии ногаҳонии омодабошии Нерӯҳои вокуниши сареъи (НВС) СПАД-ро вузарои дифоъи кишварҳои узви ин созмон имрӯз дар Душанбе баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ин ниҳод.
"Иттилоъ дар бораи натоиҷи бозрасии ногаҳониро раиси ситоди СПАД генерал-лейтенант Александр Студеникин ироъа мекунанд", — омадааст дар хабар.
Дар кори ҷаласа, ки таҳти раҳбарии вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо баргузор мешавад, вузарои дифоъи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ва ҳамчунин дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ширкат хоҳанд кард.
Вузаро барномаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмон дар умури сиёсати хориҷӣ, амният ва дифоъ барои нимаи дуввуми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016-ро тасвиб мекунанд.
Ширкаткунандагони нишаст ҳамчунин асноди таҳияи воҳидҳои нерӯҳои сулҳхоҳ аз қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД ба суфуфи нерӯҳои сулҳхоҳи созмон ва ҳамчунин дар бораи созмонҳои зербаноии ин Созмон дар умури таҳияи кадрҳои низомӣ барои кишварҳои узви СПАД дар риштаҳои мухталифи низомиро баррасӣ мекунанд.
Ба ҷуз аз ин масоили ташдиди ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви СПАД дар умури таҳияи кадрҳои низомӣ баррасӣ мешаванд.
Шаш кишвар узви СПАД мебошанд: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.