Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон барои 6 сол равонаи зиндон шуд

© Flickr \ my_southboroughҚуфли дари боздоштгоҳ дар маҳбас
Қуфли дари боздоштгоҳ дар маҳбас - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боз як чеҳраи саршиноси собиқ ба иттиҳоми қаллобӣ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Ин даъфа овозхон, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ муттаҳам дониста шуд.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ, овозхони саршиноси гурӯҳи "Гулшан" Раҳима Шалоэр бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои қаллобӣ барои 6 сол равонаи зиндон шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба иттилоъи Озодӣ, Шалоэр беш аз 20 рӯз дар боздоштгоҳ буд ва ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳукми ӯро содир кард.

Парванда алайҳи овозхон бар пояи шикояти як сокини Душанбе боз шуда буд. Ин сокини пойтахт иддаъо карда буд, ки Шалоэр аз ӯ 17 ҳазор доддар қарз гирифта сареъан барнагардонидааст.

Вакилони дифоъ аз ин ҳукм шикоят бурда муҳокимаи онро додгоҳи Душанбе 20 май оғоз мекунад.

Раҳима Шалоэр дар гурӯҳи "Гулшан" овозхонӣ мекард ва дар солҳои шӯравӣ саршинос буд.

Қаблан дар моҳи март бо иттиҳоми мушобеҳ собиқ ровии телевизион Муаттара Ҷӯраева маҳкум шуда буд.

Додгоҳи ноҳияи Сомонии пойтахт ӯро барои аз роҳи фиреб азхудкунии маболиғи чанд нафар барои 9 сол маҳкум ба зиндон кард.

Лентаи хабарҳо
0