ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Беш аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи вуруди дубора ба Русияро пайдо карданд, менависад сомонаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.
"Зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кўмак ва мусоидати бевоситаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тағойзода Сумангул, роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия иҷозаи сафари дубора ба Русяиро дарёфт намуданд, инчунин донишҷуён ва муҳассилине, ки дар омўзишгоҳҳои ФР таҳсил менамуданд, чунин имтиёзро пайдо карданд",- қайд мешавад дар хабари манбаъ.
Ҳамзамон, бо мақсади бартараф кардани мушкилот ва проблемаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва он шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба ФР манъ карда шудааст, дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гурўҳи экспертӣ ташкил карда шуда, аз рўйи 5 категория (табақа) шаҳрвандон метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.