ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Китоби нави Абдулвоҳид Шамолов, файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи кишвар бо номи "Бозиҳои геополитикӣ" рӯзи 1 июн аз чоп баромад, иттилоъ медиҳад ОИ TojNews.
Ба қавли манбаъ, асари ҷадиди Шамолов дар нашриёти "Дониш"-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Академияи илмҳои Тоҷикистон нашр шудааст. Муқарризи китоб Саймурод Фаттоев мебошад.
Ин китоб дар бораи баъзе паҳлӯҳои таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятии 14 соли ахир, пас аз ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001, ки тавассути кишварҳои ба ном "абарқудрат" ва дар асл тавассути гурӯҳҳои пуштипардагии онҳо тарҳрезӣ ва роҳандозӣ гардидаанд, нақл мекунад.
Муаллифи китоб бар ин назар аст, ки айни замон дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 15 ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва исломи сиёсӣ пинҳонӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо ба амният ва суботи кишварҳои минтақа таҳдид мекунанд.
"Бозиҳои геополитикӣ" дар робита ба фазои мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, Шарқи Наздик ва Миёна ва асосан минтақаи Осиёи Марказӣ баҳс карда, муаллиф пешгӯӣ мекунад, ки пеш аз ҳама ҷомеаи моро радикализм, экстримизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои тарнсмиллӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ рӯбарӯ хоҳанд кард.