Расонаҳо: ҳудуди 5 ҳазор ҷангӣ ба марзи ҶТ наздик шудаанд

© AP / Rahmat GulГуруҳи силоҳбадастон аз назди манзилҳо оташгирифта дар вилояти Қундуз убур мекунанд. Моҳи майи 2015
Гуруҳи силоҳбадастон аз назди манзилҳо оташгирифта дар вилояти Қундуз убур мекунанд. Моҳи майи 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли як манбаъ аз КДАМ-и Тоҷикистон, қариб 5 ҳазор ҷангиён дар қисмати шимолии Афғонистон- Бадахшон ва Қундуз ҷамъ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир қариб 5 ҳазор ҷангиёни афғон ба марзи Тоҷикистон наздик шудаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабари расонаҳо, ки аз афсари КДАМ нақли қавл кардаанд.

Ҷангиёни афғон, ки шуморашон 4-5 ҳазорро ташкил медиҳад, дар вулусвулиҳои Бадахшон ва Қундузи Афғонистон ҷамъ шудаанд, иброз доштааст манбаъ аз КДАМ, ки аз ифшои номаш худдорӣ мешавад.

Даъвати Раҳмон аз ҷаҳониён барои мубориза алайҳи нашъа ва тундгаройӣ

Аммо таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, сардабири маҷаллаи "Мушкилоти стратегияи миллӣ" ("Проблема натсионалной стратегии") Аждар Куртов мегӯяд, хатари воридшавии ҷангиён дар айни замон истисно аст.

"Хатари ҳамлаи ҷангиён ва ғасби қаламрави Тоҷикистон бо мақсади сарнагун кардани низоми ҳукумати феълӣ аслан вуҷуд надорад. Дурусттараш, хеле заиф аст",- гуфт Куртов аснои сӯҳбат бо радиои Sputnik.

Ба қавли ӯ, пас аз хориҷ шудани неруҳои ISAF (неруҳои байналмиллалии низомӣ) мухолифат миёни гурӯҳҳои ҷангӣ дар дохили Афғонистон ташаннуҷ меёбад.

Лентаи хабарҳо
0