Боздошти корманди Кумитаи дин бо ҷурми фасод

© Sputnik / Андрей СтенинДастбанд
Дастбанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз ду рӯзи таъйини раҳбари ҷадид кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як мақом ба иттиҳоми ришваситонӣ хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Маъмурони Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи гузашта як корманди масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро боздошт карданд, менависад хабаргузории "Авеста".

Шоми рӯзи чаҳоршанбе тавассути "Шабакаи аввал" наворе ба намоиш гузошта шуд, ки аз сӯйи маркази матбуотии Оҷонсии мубориза бо фасод таҳия шудааст.

Дар ин гузориш аз боздошти як масъули шӯъбаи иттиҳодияҳои динии Кумитаи умури дин Изатулло Азизов хабар дода шуда эълом шуд, ки вай ба гирифтани ришва дар ҳаҷми 1 ҳазор доллар муттаҳам мешавад.

Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ва Абдулфаттоҳи Ғоиб якдигарро иваз карданд

17 март ба Оҷонсӣ шахсе бо исми мустаори А муроҷиат карда иддаъо дошт, ки корманди Кумитаи дин бо номи Изатулло ба ӯ қавл додааст, ки барои анҷоми сафари Ҳаҷҷ барояш мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи ин нафар, ин масъул бар изофаи махориҷи расмии сафар $3,7 ҳазор боз аз вай $2 ҳазори дигар, эҳтимолан ба унвони ришва дархост кардааст.

Изатулло Азизов аз сӯйи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур ба ҳангоми гирифтани ришва боздошт шуд.
Худи боздоштшуда ба наворбардорон дар судури ин ҷиноят иқрор мешавад ва зикр мекунад, ки ҳарчанд эъзом ба сафари Ҳаҷҷ дар салоҳияти вай қарор надорад, вале ба ин шаҳрванд бар ивази подоши пулӣ ваъда додааст, ки дар ин амр мусоидат мекунад.

Ба иттилоъи Оҷонсии мубориза бо фасод, алайҳи ин масъули Кумитаи дин тибқи бандҳои 32 қ.3 ва 319 қ.1 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0