Қазияи куштори Каримовҳо дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДодгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бародарон Каримовҳо 6 ноябри соли 2014 бедарак шуда буданд. Гумшавии ин ду бародари доро овозаҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Дар ниҳоят мақомот таҳқиқ карданд, ки гумшавии онҳо ва қатлашон дар заминаи баҳси марбут ба маводи мухаддир сар задааст.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Абдулазиз Усмонов, маъруф ба "Ҳоҷи Самандар", ки дар қатли бародарон Каримовҳо муттаҳам дониста мешавад, пардохтааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Озодагон".

Вазъ дар шаҳри Ӯш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти гумонбарон дар қатли бародарон Каримовҳо

Парвандаи ҳоҷӣ Самандарро Додситонии кул ҷамъбаст карда ба додгоҳ супоридааст.

"Айни ҳол парванда мавриди баррасию омӯзиш қарор дорад ва ҳанӯз санаи дақиқи оғози мурофиаҳо таъин нашудааст", — аз қавли додгоҳ менависад хабаргузорӣ.

Моҳи ноябри соли 2014 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як гузориши видеоӣ, аз боздошти "Ҳоҷӣ Самандар" ва ду зердасташ иттилоъ дода гуфт, онҳо дар куштори бародарон — Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо муттаҳам мешаванд.

Он замон ин ниҳод, иттилоъ дода буд, ки ташкилкунандаи ин ҷиноят "Ҳоҷӣ Самандар" як сокини ноҳияи Ҳисор аст. Худи ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфт, Каримовҳо аз ӯ қарздор будаанд. Ба гуфтаи вай, Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо нархи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд.

"Баъде, ки дидам намешавад, гуфтам баред инҳора нобуд кунед, зеро моро ҳам нобуд мекунанд", — изҳор дошт ҳоҷӣ Самандар.

Ба иттилои мақомоти амниятӣ Ҳоҷӣ Самандар барои куштори Каримовҳо ду сокини дигари Ҳисорро ҷалб намудааст, ки қаблан низ ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд. Онҳо дар якҷоягӣ Каримовҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, парондаанд.

Ихтисоси $5,5 млн. Русия барои муқобала бо мухаддирот ба Тоҷикистон

Аз ин пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардиданд.

Кушташудагон низ зодаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хонақоҳи куҳӣ буда, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе иқомат доштаанд. Ба мақомот Каримов Меҳроб, сокини 29-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳоди 34-сола бо автомашинаи тамғаи "Тойота-Кемри" ва Каримов Раҷабалии 46-сола бо автомашинаи тамғаи "Ренҷ-ровер" аз хона баромада, бедарак шудаанд.

Дар пайи ҷустуҷӯ субҳи 18-уми ноябри соли 2014 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид, хабар дода буд ВКД.

Лентаи хабарҳо
0