ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар пайи ҳамлаи ҷангиён ба як меҳмонхона дар вулусволии Балх, воқеъ дар шимоли Афғонистон ҳафт корманди СҒД ва ду муҳофиз кушта шудаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
"Миёни қурбониёни ҳодиса дар ноҳияи Зарии вулусволии Балх ҳафт корманди ташкилоти башардӯстона: шаш мард ва як зан, инчунин ду муҳофиз мебошанд",- иқтибос меорад хабаргузорӣ бо такя ба суханони муовини сардори пулиси вилоят Абдул Раззоқ Қодирӣ.
Оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба пулиси Афғонистон менависад, мақомот ин ҳама ҷиноётро марбути гурӯҳи Толибон медонанд ва масъулияташ ба дӯши онҳост.
Хабаргузории Khaama Press маълум кардааст, ки кушташудагон дар меҳмонхонаи мазкур кормандони созмони ғайриҳукуматӣ ва намояндагони вазорати кишоварзии Афғонистон мебошанд.
Созмони тундгарои "Толибон", ки дар қаламрави Афғонистон амал мекунад, қаблан дар бораи "ҳамлаҳои баҳорӣ" эълом карда буд ва ҳадафи аслии ин амалиётро саркӯб кардани неруҳои хориҷии ғосиб ва пойгоҳҳои онҳо шарҳ дода буд.