Тоҷикистон аз соли 1998 то ҳоло аз БОР $1,3 миллиард гирифтааст

© wikimedia.orgБонки осиёии рушд. Акс аз бойгонӣ
Бонки осиёии рушд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии рушд, созмони молие, ки бахшҳои иқтисоду энергетика ва кишоварзии кишварро кӯмак мекунад, идома медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тайи чанд соли ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд Тоҷикистон аз ин ниҳоди молӣ дар маҷмӯъ  $1,3 миллиард дарёфт кардааст, ки аз он $373 миллион —қарз, $859 миллион бурсҳо (грантҳо) ва $51 миллиони дигар кӯмакҳои фанниро дар бар мегиранд.

Барнома ва тарҳҳои БОР дар Тоҷикистон ба вазъи иҷтимоии одамон таъсири мусбат расонида, ба рушди роҳҳо ва бахши энергетика мусоидат кардаанд. Ин аст хулосаи ниҳоии татбиқи пружаи яксолаи бонки мазкур, ки чанде қабл муаррифӣ гардид.

БОР дар татбиқи чораҳои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон ба ҶТ кӯмак мекунад

Дар гузориши ин созмон омадааст, Тоҷикистон соли 1998 шомили БОР гардида, то 31 декабри соли 2014 ҳаҷми кӯмакҳои дарёфтнамудааш аз бонки мазкур ба $1,3 миллиард баробар шудааст. Ба ин рақам 23 қарз ба маблағи $373 миллион, 27 бурс ба андозаи $853 миллион ва 75 тарҳи кӯмаки техникӣ ба миқдори умумии $51 миллион шомил аст.

"Ҳукумат ва БОР тибқи лоиҳаҳо ҳамкориро дар самти харид идома дода, ин ташкилоти молиявӣ хатарҳои эҳтимолиро дар ҷараёни мазкур дар соли 2015 барои Тоҷикистон омода мекунад"",- қайд мешавад дар иттилоъияи бонк.

Гуфта мешавад, 83% маболиғи ихтисосии БОР дар се бахш: энергетика (36%), нақлиёт (35%) ва кишоварзиву захоири табиӣ (12%) масраф мешаванд.     

 

 

Лентаи хабарҳо
0