ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари иҷроияи Шӯрои роҳбарони Бонки осиёии рушд Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт, менависад сомонаи президенти ҶТ.
Аснои нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистону ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Таваҷҷӯҳи бештари ҷонибҳо ба масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016-2020 зоҳир шуд.
Дар доираи стратегияи мазкур тибқи Нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015-2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.
Манбаъ афзуд, бо назардошти афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имконоти афзун намудани дастгирии кишвар аз ҷониби Бонки осиёии рушд муҳокима гардид.
Ҳамчунин, ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ва Роғун-Нуробод, идома додани навсозии нерӯгоҳи Норак ва татбиқи дигар лоиҳаҳои афзалиятнок сурат гирифт.