ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабарҳо мабнӣ бар он ки гӯиё фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимов, ки ба ДИ пайвастааст, якҷо бо ду ҳамтоёнаш фирор кардааст, такзид кард, менависад хабаргузории "Озодагон".
Қаблан расонаҳо ба истинод ба манобеъи КДАМ навишта буданд, ки Ҳалимов барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар суфуфи "Давлати исломӣ" ду нафар аз ҳамтоёни худро низ ҳамроҳ бурдааст.
Маркази равобити иҷтимоии КДАМ хабар медиҳад, ки ин хабар бепоя аст, менависад "Озодагон". Комитет дар ин робита ҳеҷ иттилоъе дар даст надорад ва ҳеҷ касе аз ин ниҳод бо расонаҳо дар ин замина сӯҳбат накардааст.
Манобеъи расонаҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки Додситонии кулл алайҳи Ҳалимов тибқи моддаи "Зархаридӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда ва феълан асомии ду нафар аз ҳамтоёнашро мушшахас мекунад.
Қаблан хабаргузории "Азия-Плюс" бо истинод ба ниҳодҳои қудратӣ навишта буд, ки сарҳанг дар раъси як гурӯҳи 10 нафарии сокинони маҳаллӣ ба Сурия рафтааст.