ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Нурсултон Назарбоев тасмим дорад, ки ваколатҳои парламент ва ҳукуматро дар кишвараш зиёд карда, салоҳиятҳои президентро коҳиш диҳад. Дар ин бора ӯ аснои мулоқот бо нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ иброз дошт, иттилоъ медиҳад Сa-News.
"Шояд ҳаққу ҳуқуқҳи бештаре ба парламент ва ҳукумат диҳем. То ҳол дар мо ҳокимияти президентӣ ҳукмфармост. Бо рушди синфи миёнаи иқтисодӣ ба назарам зарур аст бо коҳиши ҳокимияти президентӣ салоҳиятҳои бештареро ба ҳукумат ва парламент диҳем",- қайд кард вай.
Қазоқистон ҳоло барои дар амал татбиқ кардани ин тарҳ ба корҳои амалӣ шурӯъ кардааст. Нурсултон Назарбоев дар миёни президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин раҳбари дарозумрест, ки дар ин бора ҳарф зада, иқрор мекунад, ки салоҳиятҳои президент аз салоҳиятҳои ҳукумат ва парламент фаротар мебошад.
"Ҳоло масалан, губернатори навро таъин мекунед, вай дарҳол ба интихоби командаи худ шурӯъ мекунад. Аз ин ба баъд мехоҳем, аз ин ҷилавгирӣ намоем",- илва кардааст Назарбоев.
Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки бо ислоҳи дастгоҳи идораи давлат пеши роҳи ворид шудани шахсони тасодуфӣ ба корҳои давлатдорӣ гирифта мешавад. Мансабдоре бо тай кардани зинаҳо боло меравад, на ки як соҳибмансаб ҳар касеро, ки хост, дар вазифа таъин кунад.
Маврид ба ёдоварист, дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Қирғизистон сохтори идораашон президентист. Президент дар ин ҷумҳуриҳо аз салоҳиятҳои билоқувва бархӯрдоранд.