Қурби доллар дубора дар Тоҷикистон боло меравад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДолларҳо. Акс аз бойгонӣ
Долларҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои таътил қурби фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдии арзи Тоҷикистон ҳудуди 5% афзоиш ёфт.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Қурби арзи амрикоӣ баъд уфти сареъи якҳафтина дубора боло рафт, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Бозори арзии Тоҷикистон дар ду ҳафтаи ахир дар ҳолати ғайримуназзам қарор дошт. Дар ин муддат қурби доллари ИМА сареъан то 10% уфт карду ба дунболаш қурби евро ва рубл низ пойин рафтанд.

Аз 29 май қурби фурӯши доллари ИМА дар бозори арзи нақдӣ ҳудуди 5% боло рафт. Дар авохири ҳафтаи гузашта барои $100 617 сомонӣ медоданд, аммо имрӯз, 1 июн, қиммати ин арз то 646 сомонӣ боло рафт.

Қурби доллар дар ҶТ дар қиёс бо болоравии дигар арзҳо мӯътадил аст

Евро ва рубл тибқи маъмул ин равандро ҷонибдорӣ карда дубора гаронтар шуданд. Феълан 1 евро бар ивази 6,86 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки нисбати қурби 29 май 12 дирам гаронтар мебошад ва қурби фурӯши 10 рубли русӣ 1,23 сомонӣ аст, ки 7 дирам бештар мебошад.

Иқтисоддонҳо аз чунин тағйири вазъи бозори арз хушбин нестанд, ҳарчанд дарк мекунанд, ки Бонки миллӣ муваззаф шудааст, ки қурбро дар зудтарин фурсат пойин бубарад.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: мо барои мудохила аз захойири тиллову асъор истифода намекунем

Болоравӣ ва уфти сареъи қурб боъиси таваззуни манфӣ дар тиҷорат мешавад, изҳор доранд коршиносон. Тиҷорат ба гунаи сармоягузорон дар чунин вазъ эътимод ба бозорро аз даст дода боъиси таваққуфи фаъолият мешавад. 

Дар Бонки миллӣ бошад чунин уфти сареъи ҳамарӯзаи қурби арзҳои аслӣ дар Тоҷикистон ба равандҳои иқтисодӣ марбут медонанд — афзоиши интиқолоти пулӣ ва коҳиши ниёз ба доллари ИМА дар дохили кишвар.

Дар ҳамин ҳол қурби расмии доллари ИМА, ки аз сӯйи Бонки миллӣ муқаррар мешавад, мисли ҳафтаи пеш мунназам буда 6,26 сомонӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0