Вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкҚисми низомии марзбонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Қисми низомии марзбонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони вазороти мудофиаи СПАД дар Душанбе масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии созмонро муҳокима менамоянд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Аз 2 то 4 июни соли равон вазирону дифоъи киварҳои аъзои СПАД ба Душанбе меоянд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба ВКХ ҶТ.

"Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе таҳти раёсати Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон баргузор мешавад",- менависад манбаъ. 

Роҳбарони вазороти мудофиаи СПАД дар Душанбе масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии созмонро муҳокима менамоянд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар Душанбе мулоқоти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ дар назар аст.

Дар кори ин ҷаласа инчунин вазирони мудофиаи Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон иштирок мекунанд. 

 

Лентаи хабарҳо
0