ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Генерал Миллопар Бандишоев, сардори Шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳо муқобили ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои хизмати давлатӣ ва соҳаи иқтисоди тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Раёсати Додситони кулли Тоҷикистон мансуб шуд, менависад "Радиои Озодӣ".
Генерал Бандишоев бо фармони Додситонии кулли Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба ин мақом таъйин шудааст. Вай то мансубияташ дар ин вазифа, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод буд ва бо фармони президенти Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз он симмат озод карда буд.
Бандишоев соли 1987 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм намуда ва фаъолияти худро ҳамчун додситони ноҳияи Конибодом шурӯъ кардааст. Сипас, бо таъсиси Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон, раиси бахши ин оҷонсӣ дар вилояти Суғд таъин шуд ва баъди се соли кор, раиси бахши ҳамин ниҳод дар вилояти Хатлон мансуб гардид. Пас аз се соли фаъолияти дар ин ниҳод, генерал Бандишоев муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон таъин шуда буд ва то моҳи феврали соли ҷорӣ дар он мақом адои вазифа кард.