ДУШАНБЕ, 1июн — Sputnik. Агентии назорати маводи нашъаовар аз кашф ва мусодираи 11 кило ҳашиш хабар дод, ки дар махфигоҳи як мошини тамғаи "Мерседес-Бенс" пинҳон карда шуда буд, омадааст дар хабари сомонаи АНМН.
"Кормандони фаврӣ бар асари роҳандозии амалиётӣ ҷустуҷӯӣ мошини "Мерседес-Бенс"-ро, ки аз ҷониби як сокини пойтахт идора мешуд, ба гумони интиқоли маводи мухаддир мавриди кофтуков қарор доданд. Дар натиҷа аз махфигоҳи махсус сохташуда чор бастаи селофании пур аз маводи сабзранг бо бӯйи хос кашф ва мусодира гардид. Ташхис 10 кило мухаддироти навъи ҳашиш будани онро тайид намуд",- менависад манбаъ.
Баъди роҳандозии амалиёти дигар шарики ҷиноии гурӯҳ, ки як сокини шаҳри Кундузи Афғонистон будааст, боздошт шуд. Ҳангоми кофтукови манзили иҷоравии ӯ боз 1 килои дигар маводи мухаддирои навъи ҳашиш мусодира гардид.
Тафтишоти пешакӣ дақиқ кардааст, ки ин ду тан бо истифода аз масири Хуҷанд мехостаанд ин миқдор маводи мухаддирро ба Федератсияи Русия интиқол диҳанд.
Манбаъ мегӯяд, барои ошкор ва боздошти аъзои дигари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар тадбирҳои амалӣ ва ҳамоҳанг андешида мешаванд.
Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад ва дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.